Дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет” баргузор гардид.
Баъди пазироии иштирокчиён аз шаҳру навоҳии кишвар намоиши дастурҳои методии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои толибилмон ва навгониҳо, идеяҳо, лоиҳаҳо дар самти пешрафти технологияи иттилоотӣ дар саҳнаи бошукӯҳи Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон намоиш дода шуд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромиддин Назаров ба семинар ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур пеш аз ҳама омӯзиши амиқи фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет мебошад. Мо имрӯз бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ аз таҷрибаи ҳамдигар огаҳ гашта, онро дар амал истифода хоҳем бурд.
Баъдан маърӯзаи муовини директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Б. Ғаюров дар мавзӯи “Истифодабарии муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ” шунида шуд. Ҳамчунин дар рӯзи аввали семинар маърӯзаҳои илмии директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Р. Воситова дар мавзӯи “Технологияи муосир дар самти IT”, мутахассиси Маркази ТИК-и шаҳри Истаравшан “Иттилооти пӯшида ва кушода”, муовини директори Маркази ТИК-и шаҳри Норак Д. Назаров “Доштани фарҳанги иттилоотӣ ин неъмати Истиқлол аст” шунида ва муҳокима карда шуданд.
Бо иштирокчиёни семинар варзиши ақлӣ дар мавзӯи “Компютерро баъди 15-20 сол чӣ тавр тасаввур мекунед?” гузаронида шуд.
Дар рӯзи дуюми семинар фаъолияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Суғд зимни суханронии директори Марказ Юсуфҷон Домуллоҷонов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин маърӯзаҳои Директори маркази ТИК-и шаҳри Исфара И. Болтаев дар мавзӯи “Киберфарҳанг — фарҳанг ва интернет”, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №29-и шаҳри Конибодом “Нақши фарҳанги иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №14, ноҳияи Ҷаббор Расулов К. Обидов “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, омӯзгори МТДМ “Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд” М. Неъматова таҳти унвони “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар кабинети технологияи иттилоотӣ” шунида ва муҳокима карда шуданд.
Дар ҷамъбасти кори семинари ҷумҳуриявӣ ба иштирокчиён сертификат ва сипосномаҳо тақдим гардид.