Бар пояи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади машғул намудани хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ силсилаи чорабиниҳо роҳандозӣ мегардад.
Тавре, ки аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар давраи таътили тирамоҳӣ, гузаронидани дарсҳо иловагӣ барои хонандагони болаёкат барои омода намудани онҳо ба Олимпиадаҳо, ҷоннок намудани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ, ташкили экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба осорхонаҳои ҷумҳуриявии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Қасри маданияти Арбоб, Арт Галерияи «Сомониён», Маҷмааи фароғатии «Боғи Камоли Хуҷандӣ»ҷалби хонандагон ба намоишномаҳои Театри давлатии мусиқавӣ ва мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри тамошобини наврас ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин гузаронидани озмунҳои гуногун аз қабили «Китобхонаи беҳтарин», «Китобхони беҳтарин», «Китобдори беҳтарин», озмуни «Фарзонахонӣ», мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол, баскетбол, тенниси руйи миз байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорякҳои солона ва таътилҳои мактаббачагон аз нав барқарор шуданд.
Акнун тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим мешавад. Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.
Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.
Бояд зикр намуд, ки таътили тирамоҳию баҳорӣ дар Тоҷикистон тахминан даҳ сол пеш барҳам дода шуда буд. Бино ба сабаби сардиҳои моҳи январ ба ҷои онҳо танҳо истироҳати зимистонаи якмоҳа- аз 1 то 31 январ ҷорӣ гардида буд.