Аз он, ки дар шароити ҳассоси амниятии минтақа ва авзои нигаронкунандаи кишвари ҳамсояи Афғонистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амну субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд, хеле мутассир шудам.
Имрӯз набояд шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон макони баргузории чунин бесарусомониҳо бошанд. Аз таҷрибаи талхи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бароямон равшан аст, ки ин қабил гирдиҳамоиҳо оқибати ҳузновар доранд. Аз ин бесарусомониҳо мардуми одӣ ва ҷавонони ҷаҳонбиниашон маҳдуд зарар мебинанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос зарур аст, ки бештар аз ҷиҳати сиёсӣ зирак бошему баҳри пешгирии амалҳои номатлуб саъй варзем. Набояд ба доми тазвири найрангбозон, аз қабили Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров афтода, боиси нигаронии мардум ва ошуфтагии онҳо шавем.
Аз ин рӯ, ба мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз номи маорифчиёни вилояти Суғд муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки бояд ақлу хиради воло ғолиб ояду ба чунин ихтилофангезандагон, аз ҷумлаи Муҳаммадбоқир ва ҳаммаслаконаш ҷазои сазовор дода шавад.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд