Дар вазъияти ҷаҳонии ба миёномада, ҷангӯён- террористону гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ бо ёрии идеология, ришвадиҳӣ ва таҳдидҳо кӯшиш карда истодаанд, ки муаммо ва мушкилиҳои ҳаёти рӯзмарраи одамонро истифода бурда, ғояҳо ва амалҳои террористию ифротии худро дар байни ҷавонон ҷорӣ намоянд.Созмони террористии ба ном Паймони миллӣ дар хориҷи кишвар ва думравонаш дар ҳар куҷо, бо сафсатафурӯшиҳои саркардаи ватанфурӯшу ватангадои пайравони ҳизби наҳзати исломӣ, ки ин созмони бадамалу террористӣ дар Тоҷикистони мо фаъолияташ манъ карда шудааст, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ, дастёри ӯ Алим Шерзамонови беватан, оромии кишварамонро халалдор кардан мехоҳанд. Қисми ифротгароён мисли Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо кардаҳои худ ва дастнишондодҳои хоҷагони хориҷиашон ба гирдоби амалҳояшон гирифтор гардиданд. Медонем ва хондаем, ки шурӯъ аз 16 –уми ноябри соли 1999, дар кишварамон,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуда, он ҳама гуна муносибатро ба танзим медарорад.
Таҷрибаи ҳаётӣ собит намудааст, ки ягон шахси донишвару соҳиби илму маърифат даст ба ҷинояту таҳдиду даҳшатафканӣ намезанад. Илму дониш роҳи рости ӯро ҳидоятгар мебошад. Бесабаб Ҳаким Носири Хусрав нагуфтааст.
Асли кас аз кас набошад кам, чу ҷумла з-одаманд,
Лек ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст.
Хушбахт касе аст, ки тафаккур ва иродаи пок дорад.
Сарҳатов Б.
Раёсати маорифи вилояти Суғд