DSCF9920Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сарварони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят доир гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. DSCF9913Мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов доир ба фаъолияти семоҳаи Раёсати маорифи вилоят гузориш дод. Мавсуф зикр дошт, ки нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 адад афзудаанд. Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят 14,9 фоиз, бо якҷоягӣ бо Маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин қайд гардид, ки Шумораи омӯзгорони вилоят 38 ҳазору 714 нафар буда, аз онҳо 31 ҳазору 558 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2 ҳазору 156 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 5 ҳазор нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта афзуда, 81,5 фоизи теъдоди умумиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли сипаригардида 1,8 фоиз зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки толибилмони вилоят дар 12-умин Олимпиадаи байналмилалӣ барои хонандагон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия баргузор гардид, ба дарёфти 26 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 13 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм ноил гардиданд. Аз 26 нафар ғолибон, 22 нафар аз як фан ва 4 нафар аз ду фан ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ соҳиб гардиданд. Хонандагон дар фанҳои алоҳида, дастаи вилоят аз фанни биология сазовори ҷойи якум гардида, бо «Ҷом» сарфароз шуданд.
Оид ба пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳангоми иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар самти ба таълими ҳатми умумии асосӣ фаро гирифтани кӯдакон”, оид ба пешниҳоди прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов доир ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда сармутахассисони Раёсати маорифи вилоят Дилрабо Сатторова ва Сафия Каримова гузориш доданд.
Ҳисоботи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шунида шуд.
DSCF9916  Ҳамзамон, сармутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Баҳоваддин Хоҷаев аз рафти иҷрои талаботи моддаи 15 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон ва Спитамен, мудири шуъбаи омор, ояндабинӣ ва банақшагирии Раёсати маорифи вилоят Раҳматхӯҷа Зокиров оид ба рафти санҷиши иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020” дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Ашт, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара Тошматова, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои санҷиши вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои Спитамен ва Ашт, директори Маркази технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионии назди Раёсати маорифи вилоят Шаҳбоз Бобоназаров аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022” дар муассисаҳои таълимии вилоят ва директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Фирдавс Ашӯрматов гузориш доданд.
Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ аз рафти иҷроиши Барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, раванди компютеркунонӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва сатҳи пасти касбияти сарварони мактабҳо, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон, таълимии ҳатмии хонандагон, сари вақт пешниҳод намудани маълумоти воқеии оморӣ, оид ба тадбирҳои пешгирии бемории сирояти коронавирус, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Исфара, Конибодом пурсиш ба амал овард.
Дар хотимаи ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оид ба вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани дастовардҳо ҳарчи бештар аз имкониятҳои мусоид истифода баранд.

А.АМИНЗОДА,
А.АБДУВАҲҲОБ,
“Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>