Бахшида ба Иди Ғалаба дар Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан чорабинии шавқовар доир гардид. Меҳмонони ҷамъомад оид ба диловариҳои родмардони Ватан дар ҷабҳаҳои хунин ҳарф зада, таъкид доштанд, ки барои аз юғи фашизм озод намудани мардуми кишварҳои Аврупо тоҷикон низ саҳм гирифтаанд.