Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи нақша — чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Раёсати маорифи вилоят нишасти матбуотии сардори Раёсат бо иштироки 25 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ доир гардид.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2018 гузориши муфассал пешниҳод кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки фаъолияти омўзгорони маълумоти миёнадошта ва омўзгорон ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят бартараф карда шуд. Ҳамзамон Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърихи муассисаи таълимии № 49-и ноҳияи Б. Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2018» сазовори ҷойи дуюм ва Валиева Ҳанифа-мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон — 2018» ҷойи аввалро мушарраф гардиданд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма Фарзона Муродӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Абдуҳамид Ҷӯраев, сармуҳаррири радиои “Замон”, Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил, Мадина Поччоева, хабарнигори Оҷонсии иттилотии “Суғднюс”, Ҷамшеди Маъруф, сармуҳаррири радиои “Пайванд”, Сайфулло Махкамов, сармуҳаррири нашрияи “Корвони умед”, Мавлуда Рофиева, хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Азия — плюс”, Ӯғулой Раҷабова, муҳаррири телевизиони “Ҳафт ситора”, Муниса Атаева, хабарнигори ШТР “Азия”, Шоира Салимова, хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”, Мижгона Раҳмонова, хабарнигори ШТР “Диёр”, Сайёра Махсумова, хабарнигори “СМ-1” ва Муслима Раҳимова, сармуҳаррири нашрияи “Ворисони Суғд” вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа аз ҷумла таъминоти кӯдакистонҳо бо сӯзишворӣ, содиршавӣ ва пешгирии ҷиноят дар байни мактабиён, таъминот бо китобҳои дарсӣ, истифодаи ғайримақсадноки бинои кӯдакистонҳо, истифодаи масҷидҳои аз фаъолият бозмонда, раванди забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ, банақшагирии бунёди бинои нави муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо либосҳои ягонаи мактабӣ, раванди маъракаи обуна ва таъмири муассисаҳои таълимӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Осим Каримзода ба хабарнигорон барои саҳмгузорӣ дар пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ изҳори сипосмандӣ намуд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб