

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода — директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей дастаи олимпии Точикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23 — уми июл аз фанни математика ва санаи 24 -уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати Литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гарданд.
Аз ҷумла: Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ — ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ — ҷойи 2 ум ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ — ҷойи 3-ум ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.