Боиси ифтихор ва саодати бузург аст, ки чанд рӯзе қабл мо бо фараҳу шодӣ дар партави нури озодию истиқлол бо сари баланду дили гарм соли нави хонишро бо ҳазорон нияту орзуҳои наҷиб истиқбол гирифтем. Маҳз ба шарофати Истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистонро комёбиҳои рӯзафзун ҳамрадиф асту ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадами мардуми кишварамон мебошад. Имрӯзҳо ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон шоҳиди бевоситаи муҳимтарин марҳилаҳои рушди бесобиқа ва ташаккулу такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон дар тӯли 27 соли Истиқлолият мебошанд.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябр дар бинои филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Истиқлолият ва таҳаввулот дар соҳаи маориф» конфронси илмию назариявӣ доир гардид. Дар конфронс доираи васеи олимону устодони филиали Донишкада, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро директори ФМДДҶТИБКСМ дотсент Исматдинов Муҳаммад Эргашевич ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти Истиқлолият дар таърихи давлату давлатдории миллӣ, муҳимтарин марҳилаҳои рушди кишвар, дастовардҳои шоиста дар самти созандагиву бунёдкориҳо ва рушду такомули соҳаи маориф муфассал ибрози андеша намуд.
Баъдан тибқи барнома Дадобоев Ҳакимҷон, нозири ҳифзи меҳнати ФДҶТИБКСМ дар мавзӯи «Истиқлолият дастоварди бузурги давлатдории миллии тоҷикон», Юсупова Малоҳат, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ таҳти унвони «Эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолият», Ёдгорова Роҳила, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №7, н.Зафаробод пиромуни «Масоили ташаккули салоҳиятҳо дар низоми ислоҳоти соҳаи маориф», Боев Манзар, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №22, н.Зафаробод дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият», Ҷӯраева Муяссар, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии ФДҶТИБКСМ роҷеъ ба «Истиқлолият ва рушду такомули тарбияи томактабӣ ва ибтидоӣ», Қосимова Хайринисо, омӯзгори забони англисии МТМУ №41, ш.Конибодом таҳти унвони «Истиқлолият – шиносномаи миллат», Норматова Раҳима, омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №1, ш.Гулистон дар мавзӯи «Истиқлолият ва масоили таҳсилоти пешрафта» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Бахши илм ва инноватсияи
ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд