Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи наврас, бахусус ба кӯдакони ятим ва бепарастор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди муносиби кӯдакон, устувор намудани солимии равонӣ ва ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирандешӣ мегардад.
Ҷиҳати татбиқи «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» дар муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» байни тарбиятгарандагони муассиса гузаронида шуд.
Дар муассиса ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти чиддӣ зоҳир карда, ба воситаи он дар тинати кӯдакон тарбия намудани тарзи ҳаёти солим, чусту чолокӣ, далерӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ, шуҷоат, пуртоқатӣ ва матонатро талқин менамоянд.