Муассиси Кӯдакистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Мақомоти ваколатдори идоракунии Кӯдакистон Раёсати маорифи вилояти Суғд маҳсуб меёбад.
Кӯдакистон дорои молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни (баланси) мустақил, суратҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсус дар Рассати хазинадории Сарраёсати молияи вилояти Суғд, мӯҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатӣ. бланк ва штампҳо мебошад.
Кӯдакистон метавонад дар мувофика бо Муассис суратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои ҷумхурӣ кушояд ва инчунин тибки тартиби мукарраргардида маблагҳои озоди махсуси худро дар бонкҳо ҳамчун депозит чойгир намояд.
Фаъолияти Кӯдакистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Кӯдакистон ва дигар манбаъҳои маблаггузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон мань накардааст, амалӣ карда мешавад.
Кӯдакистон метавонад мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро барои расидан ба максадхои Оинномавӣ амалӣ намояд.
Кӯдакистон фаъолияти худро мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Точикистон. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карору фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии хуқуқии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Раиси вилояти Суғд, инчунин Оинномаи мазкур амалй менамояд.
Кӯдакистон ҳуқуқ дорад, аз номи худ шартномаҳо бандад. ҳуқуқҳои шахсии молу мулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст оварда татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
Номи расмии Кӯдакистон бо забонҳои точикӣ ва русӣ чуиин мебошад:
— бо забони тоҷикӣ — Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ» — и вилояти Суғд
— бо забони русӣ — Государственное учреждение «Президентский детский сад» Согдийской области
Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: , шаҳри Хуҷанд. Хиёбони Раҳмон Набиев.
Кӯдакистон барои мақсадҳои рекламавӣ ва дигар мақсадҳо, аз ҷумла тиҷоратӣ дорои ҳуқуқи истифодаи рамзи худ (номи расмӣ, аломати молӣ, нишон ва гайра) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар буда, инчунин метавонад дар асоси шартномавӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ истифодаи чунин рамзҳоро иҷозат диҳад.
Кӯдакистон дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти худ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунад.
Мақоми ҳуқуқии Кӯдакистон
Мақоми шахси ҳуқуқӣ гирифтани Кӯдакистон аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтани Муассиса огоз меёвад.
Шакли ташкилӣ — ҳукуқии Кӯдакистон мутобиқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Кӯдакистон аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкиро соҳиб мешавад, масъулият ба дӯш мегирад ва ҳақ дорад дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
Кӯдакистон аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми моликияти худ ҷавобгар мебошад. Кӯдакистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис ҷавобгар намебошад ва Муассис низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Кӯдакистон ҷавобгар нест.
Кӯдакистон аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблаги пулии дар ихтиёраш буда масъулият дорад. Дар сурати нокифоя будани ин маблаг молики амволи дахлдор аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти субсидиарй дорад.
Мақсад ва вазифаҳои асосии Кӯдакистон
Мақсади асосии Кӯдакистон амалй намудани нақша ва барномаҳои таълимии тарбияи томактабӣ мутобиқи стандарти давлатӣ аз рӯи самтҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии Кӯдакистон аз инҳо иборат аст:
- ҳифз ва таҳкими саломатии.ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак;
- таъмини инкишофи маънавй БЭ ташаккули шахсияти кӯдак;
- ошкор намудан ва инкишоф додани малакаи эҷодии кӯдакон;
- ғамхорӣ дар бораи офияти эҳсосоти мусбии ҳар як кӯдак;
- омода намудаки кӯдакони 5-6 сола ба мактаб;
- таъмини инкишофи ҳаматарафаи кӯдак дар ҳамкорӣ бо оила.
Ташкили Кӯдакистон аз рӯи таъиноти Низомномаи намунавии муасисаи таҳсилоти томактабӣ, ки бо қарори Ҳукумати ‘»Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 433 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба гурӯҳбандии синнусолӣ дар кӯдакистон чунин гурӯҳҳо ташкил карда мешаванд:
- гурӯҳи дуюми хурд — аз 3 то 4 сола;
- гурӯҳи миёна — аз 4 то 5 сола;
- гурӯҳи калон — аз 5 то 6 сола
- гурӯхи омодагӣ ба мактаб — аз 6 то 7 сола.
Қабули кормандони педагогӣ ба кӯдакистон тариқи озмун сурат мегирад.
Кӯдакистон дар биное, ки ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ, эпидемиологӣ ва қоидаҳои зидди сӯхтор ҷавоб дода метавонад, ташкил карда мешавад.
Кӯдакистон ҳуқуқ дорад, ки маблагҳои пулӣ ва дигар маводи қимматбаҳо аз ҷумла бино, таҷҳизот ва гайраро аз фондҳои хайрия ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва сарпарастони алоҳида қабул намояд.
Дар Кӯдакистон бо хоҳиши падару модарон пагоҳӣ. бегоҳӣ, ҳамчунин дар рӯзҳои -шанбе, якшанбе, рӯзҳои ид гурӯҳҳои навбатдор ташкил карда мешавад. Оғоз ва анҷоми кори Кӯдакистон ва гурӯҳҳои алоҳидаи он бо назардошти эҳтиёҷоти падару модарон на барвақттар аз соати 6.30 ва на дертар аз соати 20.00 муқаррар карда мешавад.
Кӯдакистон эҳтиёҷоти худро ба захираи моддӣ ва маводи хӯрока мустақилона муайян намуда, онро ба таври мутамарказонидашуда ва ё тариқи шартнома дастрас карда метавонад.
Кӯдакистон хӯроки кӯдаконро бо назардошти шртиби кори худ таъмин менамояд. Масрафи пулӣ барои хӯрок аз меъёри муайяннамудаи давлатй кам буда наметавонад.
Хизмати тиббии кӯдакон мувофиқи хуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои фармоишии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, сурат мегирад.
Қабули кӯдакон ба Кӯдакистон
Кӯдакистон кӯдакони аз 1 то 3 соларо дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ-педагогӣ, аз 4 то 6 соларо дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ-педагогӣ ва озмун қабул менамояд.
Хориҷ кардани кӯдакон аз кӯдакистон дар асоси хулосаи тиббӣ дар бораи саломатии кӯдак, ки ба кӯдакистон рафтани ӯро манъ мекунад, ҳангоми иҷро накардани шартномаи байни кӯдакистон ва волидайн, ҳангоми бештар аз як моҳ бесабаб наомадани кӯдак ба Кӯдакистон сурат мегирад. Волидайн як ҳафта пеш аз хориҷ кардани кӯдак хабардор карда мешаванд. Дар ҳолати беморӣ, гирифтани табобат дар санаторияву истироҳатгоҳҳо, ҳангоми беморй ё рухсатии падару модар, инчунин дар фасли тобистон, новобаста ба рухсатии падару модар ҷойи кӯдак дар Кӯдакистон то 75 рӯз нигоҳ дошта мешавад.
Гурӯҳҳо аз рӯи принсипи синну солӣ ва кӯдакони синну солашон гуногун пур карда мешаванд. Шумораи кӯдакон дар гурӯҳҳо чунин аст:
аз 3 то 6 сола — 20 кӯдак.
Гурӯҳҳо аз ҳисоби кӯдакони навомада ва кӯдакони аз дигар гурӯҳҳои синну солашон гуногун гузаронидашаванда, дар охири соли хониш (моҳи май) пурра карда шуда, қабули кӯдакон ҳангоми мавҷуд будани ҷойҳои холй сурат мегирад.
Мутобиқшавии кӯдакони навомада ва кӯдакони хурди синну соли барвақт ва томактабӣ ба гурӯҳҳои синну солии мазкур дар давоми 1 моҳ сурат мегирад.
Соли таҳсил дар кӯдакистон аз 1 сентябр огоз меёбад.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои раванди тарбия ва таълим
Субъектҳои равандӣ тарбия ва таълими тарбиятгарон, мураббиён ва дигар кормандони омӯзгори, падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) мебошанд.
Тарбиятгарон ҳуқуқ доранд аз амали (беамалии) гайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд. мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд;
- тарбиятгирандагони кӯдакистонро муассис бо ёрии тиббӣ, солимгардонӣ ва дигар ёрии моддӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд;
- дар сурати қатъ гардидани фаъолияти кӯдакистон муассис ба муассисаҳои томактабии дигар гузаронидани тарбиятгирандагонро таъмин менамояд;
Ба фаъолияти педагогӣ шахсоне маълум шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ буда, малакаи зарурии касбӣ ва сифатҳои баланди аҳлоқӣ мебошанд.
Кормандони омӯзгории кӯдакистон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишголкарда сазовор будани корманд, дараҷаи тахассусӣ ва сатҳи он муайян карда мешавад.
Директори кӯдакистон истифодабарандаи маблагҳо ба ҳисоб рафта, аз номи кӯдакистон бо дигар муассисаву ташкилотҳо қарордод мебандад;
- дар доираи саяоҳияти худ фармоиш бароварда, ҷазо медиҳад;
- масъалаи интихоб намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ҳал менамояд;
- барои беҳтар намудани тарбияю таълимии кӯдакон хизматрасонии иловагии таълимиро ташкил менамояд;
- иҷрои талаботи санитари-гигиенй, зидди сӯхтор ва дигар шартҳоро оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон таъмин менамояд;
- мутобиқи тартиботи муқарраргардида аттестатсияи кормандонро ташкил карда, ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо ва тартиб додани ҷадвали воҳидҳои корй натиҷаи аттестатсияро ба ҳисоб мегирад;
- дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ, барои ба амал баровардани ҷараёни тарбияю таълим дар кӯдакистон шароит фароҳам меоварад;
Кормандон ҳуқуқ доранд:
- аз роҳбари кӯдакистон барои амалӣ гардонидани ҷараёни тарбия ва таълим шароити мусоидро талаб намоянд;
- барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгорй ва тарбияи насли наврас аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонида шуда, бо ордену медалҳо мукофотонида шаванд ва унвонҳои фахрӣ гиранд;
- шараф ва шаъну эътибори касбиашонро ҳимоя намуда, аз рӯи тартиби муқарраршуда аз такмили ихтисос гузаранд;
- барои густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методҳои самарабахши тарбя ва таълим ташаббуси педагогӣ нишон диҳанд.
Кормандон ӯҳдадоранд;
- иҷрои барномаҳои тарбиявию таълимиро аз тарафи тарбиятгарон таъмин намоянд;
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдаконро таъмин намуда, қоидаҳои санитариро риоя намоянд;
- ба рушду инкишофи қобилияти тарбиятгарон мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи эҳтиром нисбат ба падару модар, ҳамсолон, калонсолон, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ, расму оинҳо, муҳити зист ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намоянд;
- тибқи қонунгузори кормандонро ба вазифа таъин па аз вазифа озод мекунад;
- дар назди Муассис нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти Кӯдакистон масъул мебошад.
Мақомоти худилоракунии Кӯдакистон (шӯрои педагогӣ. кумитаҳои сарпарастон ва падару модарон) талбирҳои зеринро амалӣ мегардонанд: манфиатҳои субъектҳои раванди таълиму чорбинро ташаккул ва инъикос намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд; нақшаҳои молиясию хоҷагии кӯдакистонро муайян менамоянд;
- вазъи молиявию хоҷагии кӯдакистонро назорат мекунанд. Ба ҳайати шӯрои педагогӣ директори кӯдакистон. ҷонишини директор, сармураббӣ, мураббиён, раиси кумитаи падару модарон. ҳамшираи тиббӣ дохил мешаванд.
Фаъолияти молиявию хоҷагии Кӯдакистон
Манбаъҳои маблаггузории Кӯдакистон қисман аз маблагҳои ҷудокардаи буҷети дахлдор, гурӯҳҳои шартномавӣ, маблагҳои волидайн, маблагҳои ихтиёрй аз шахсони хуқуқй ва воқеӣ, манбаъҳои гайрибуҷетӣ ва дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории амалкунанда иҷозат медиҳад (грантҳо, мукофотҳо, хайрияҳо) иборат мебошанд.
Супоридани маблаг аз тарафи падару модарон бо мақсади пардохти хароҷот барои нигоҳубини кӯдакон, дар кӯдакистон мувофиқи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сурат мегирад ва дар асоси харҷномаи тартибдодашуда харҷ карда мешавад.
Кӯдакистон бо хоҳишу дархости падару модарон омӯзиши иловагии забонҳои русӣ ва англисӣ, гузаронидани машгулиятҳои варзиши мавзун (ритмика), хореофафия ва дигар намуди хизматрасониро, ки иҷро кардани онҳо тибқи қонунгузорӣ муқаррар гардидааст, ташкил менамояд.
Кӯдакистон ҳисоботи Муҳосибӣ ва оморӣ тартиб дода, онро дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод мекунад. Шаклҳои ҳисобот, нишона ва мӯҳлати пешниҳоди онҳо, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби азнавташкилдиҳй ва барҳамдиҳии Кӯдакистон
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Кӯдакистон бо санади дахлдори Муассис ва ё мақомоти судӣ сурат мегирал.
Молу мулк ва воситаҳои пулии Кӯдакистон, ки баьди қонеъ гардонидани талаботҳои кредиторон ва барҳамхӯрии Кӯдакистон боқӣ мемонанд, ба молик мегузаранд. Агар дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, тартиби истпфодан молу мулк ва маблагҳои мазкурро худи молик муайян. менамояд.
- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Кӯдакистонро ҳал мекунад.
- дигар ваколатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Раёсати маорифи вилояти Суғд (мақомоти ваколатдор):
- фаъолияти касбии Кӯдакистонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;
- барои сарфарозонидан ва ё ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори Кӯдакистон ба Муассис пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- дигар ваколатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, иҷро менамояд.
Директор:
- ташкили меҳнат (вақти корӣ ва дамгирӣ);
- муайян кардани шакл, ‘ система ва принсипҳои пардохти ҳаққи меҳнат ва дигар намудҳои даромади кормандон;
- тартиби додани индексатсияи даромади пулии кормандон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома;
- баррасии масъалаҳои пардохти музди меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъмини иҷтимоӣ ва сугуртаи иҷтимоии аъзои ҷомеаи меҳнатӣ;
- дар муносибат бо Муассис ва мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи Кӯдакистон намояндагӣ мекунад;
- қарордодҳо, шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, амволи дар ихтиёр доштаро идора мекунад, фармоишҳо мебарорад;
- ба фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармонҳои худро таъмин мекунад;