Бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон нисбати фанҳои дақиқ, баланд бардоштани донишомўзии хонандагон, дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдоду лаёқатманд байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни «Компютердони беҳтарин» бо ташаббуси мутахассисони ҷавони муассиса Мадина Темирова ва Мунир Ҳоҷаев бахшида ба ҳафтаи фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Дастаҳо бо номҳои «Алгоритм», «Амсила» ва «Бейсик» аз рӯйи 10 шарт;
-муаррифии гуруҳҳо
— бо истифодаи барномаи POWERPOINT сохтани намоишнома
— ҳалли мисол доир ба системаи ҳисоб
— луғатнависӣ
— саволу ҷавоб байни дастаҳо
— сохтани барнома бо ягон забони барномасозӣ
— бо истифодаи барномаи POINT омода намудани нишон бахшида ба Соли ҷавонон
— иҷрои тест тавассути компютер
— дохилкунӣ ва таҳрири матн
— бо истифода аз барномаи ҷадвали электронӣ MS EXCEL ҳисобкунии қиматҳо
қувваозмоӣ намуда, малакаю маҳорат ва дониши худро нисбати фанни технологияи иттилоотӣ нишон доданд.
Муаррифии гурӯҳҳо аз тарафи хонандагон Зоидова Насиба, Нуриллоева Азиза, Миркалонова Мижгона ҷолиби диққат буда, хонандагон Урунов Алишер, Саидов Муҳаммадҷон ва Шарипов Амир дар сохтани намоишнома малакаю маҳорати хешро хеле хуб нишон доданд.
Ба ҳар як шарти озмун аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Озмун аз тарафи директори муассиса Сатторова Таҳмина ҷамъбаст гардид ва аз баҳогузории хакамон маълум гардид, ки дастаи «Алгоритм»-76 хол, дастаи «Амсила» ва «Бейсик» бо гирифтани 81 холӣ ноил гардиданд.