Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст.
Озмун аз рӯи ҳафт номинатсия ҷараён гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич ва Ҷаббор Расулов дар сатҳи баланди тайёрию ташкилӣ ва ғоявӣ сурат гирифтанд.
Ғолибон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми озмун, ки дар маркази вилоят барпо мегардад, роҳхат гирифтанд.