Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Конибодом семинар-машварати вилоятии омӯзгорони забони русӣ баргузор гардид. Семинар аз рӯи нақшаи филиали хуҷандии Донишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар кори он омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова иштирок намуд. Семинар-машваратро мушовири фанни забони русии раёсати маорифи шаҳри Конибодом Ҳабиба Зокирова сарварӣ намуд. Инчунин, дар семинар намояндаи Раёсати маориф Рустамҷон Ҳайдаров ва 30 нафар омӯзгорон фанни забони русӣ аз муассисасхои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Дар оғоз омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова баромад намуда, ба кори семинар барор хост. Сипас, омӯзгорон дар дарси намунавии омӯзгори пешқадами МТМУ№49 Мавлуда Сатторова дар синфи 9 ширкат намуданд. Дарс хеле шавқовар гузашта, хонандагон фаъол буданд. Омӯзгор тавонист аз усулҳои фаъоли таълим моҳирона истифода барад. Иштирокдорон аз семинар қаноатманд гаштанд.
Баъди таҳлили дарс омӯзгорон Ҳошимова Н., Мамадҷонова М., Ҳакимова З., Абдуллоева М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд, ки фарогири яке аз мавзӯи баҳсталабу муҳим «Ғанӣ гардонидани фонди луғавии хонандагон» буд.
Семинар аз ҷониби омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова мавриди ҷамъбаст қарор дода шуда, барои дар сатҳи баланду зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин семинар баҳои баланд дода шуд.