Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат назаррас мебошад.
Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои сохибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавонои аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муназзами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бахравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад боқи мемонем.