Бо мақсади амиқ омӯхтани таърихи давлату халқи Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мероси илмию таърихии академик Бобоҷон Ғафуров, пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ, афзунгардонии муҳаббати насли наврас, ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти № 263 аз 02.10.2018 аз 1.11 то 06.12.2018 даври минтақавии озмуни вилоятии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б. Ғафуров бо иштироки дастаҳои шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Бустон, Конибодом, Ашт, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ аз рӯйи 10 бахш:
1. Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи шаҳри худ;
2. Маълумоти мухтасар дар бораи китоби “Тоҷикон”;
3. Лаҳзаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
4. Маълумот дар бораи модари Бобоҷон Ғафуров бо қироати намунаҳои ашъорӣ – шоира Розия Озод;
5. Суханҳои шахсиятҳои машҳури дунё дар бораи Бобоҷон Ғафуров;
6. Ёддошт дар бораи дӯстон ва шогирдони Бобоҷон Ғафуров;
7. Арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба мақоми Бобоҷон Ғафуров;
8. Андешаҳои шахсӣ дар бораи Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров;
9. Маҳорати шеъру сурудхонӣ, рақс, саҳначаҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
10. Намоиши ҳар як гурӯҳ дар бораи ноҳия ё шаҳр гузаронида шуд.
Ба даври вилоятии озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ рохҳат гирифтанд.
Баргузории даври вилоятии озмуни мазкур санаи 26.12.2018 ба нақша гирифта шудааст.