Имрӯз мо — кормандони соҳаи маорифи кишварро Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни нави ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” басо шоду сарфароз гардонид. Ин ташаббуси навбатии оқилона ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст.
Китоби “Тоҷикон”- и академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат, таърихи миллат, шиносномаи миллати номдори тоҷик маҳсуб меёбад. Бо гуфти Пешвои муаззами миллат: ” Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин инсони кураи замин аст. Асри ХХ ӯро ба мо ҳадя кард, ӯ аз худ нақши муайянро ба ҳамасрони худ гузошт. Вай олими машҳур, ходими бузурги ҷамъиятиву давлатие буд, ки дар миқёси ҷаҳонӣ мақоми хосса дошту мешинохтандаш. Мо дар назди ӯ, барои хизматҳои беҳисоби кардааш нисбат ба халқи худ қарздорем».
Сарвари давлат барои эҳтиром гузоштан ба хизматҳои фарзонафарзанди тоҷик ба ӯ аввалан унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистонро муносиб донистанд. Китоби “Тоҷикон”- имрӯз аз ҳисоби фонди захиравии Пешвои муаззами кишвар ба ҳар оилаи тоҷик тақдим гардидааст.
Ҳадаф аз доир намудани озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ ин аст, ки миллати тоҷик соҳиби тамаддуни ғании қадима буда, зиндагиномаи академик , аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби бебаҳои ӯ- ” Тоҷикон” намунаи олии худшиносӣ, ватандории миллати тоҷик мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Ватани аллома Бобоҷон Ғафуров омӯзиш ва тарғиби ин асар дар байни қишрҳои ҷомеа аз аҳамият холӣ нест. Озмуни мазкур метавонад, дар болоравии эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии ватандорӣ бахусус, дар байни ҷавонон- насли ояндасози кишвар нақши мондагон гузорад.