Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, роҳбарони сохторҳои зертобеи Раёсат, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари муштараки Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.
Дар кори семинар Қодирҷонзода А.К.-сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия, Мутавалиён Шоира Абдувалӣ- сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентӣ, майори адлия ширкат варзида, масъала оид ба ҷараёни татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар соҳаи маориф мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Нахуст сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба корҳои иҷрошуда дар самти таъмини татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар соҳаи маорифи вилоят мухтасар гузориш дод.
Дар суханрониҳои Қодирҷонзода А.К. ва Мутавалиён Шоира Абдувалӣ хулосаҳо оиди натиҷаҳои санҷиши фаъолияти кормандони Агентӣ дар мавриди муқовимат бо фасодкорӣ дар дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардиданд.
Баромадкунандагон бо мисолҳои мушаххас камбудӣ ва норасоиҳои ошкоргардида дар самти мубориза бо коррупсияро зикр намуда, ҷиҳати ислоҳи он дастурҳои муфид доданд.
Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи Деваштич З.Иброҳимов, шаҳри Гулистон М.Бобозода ва шаҳри Хуҷанд И.Султонӣ ба музокира баромада, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо фикру мулоҳиза баён доштанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар фарҷоми семинари омӯзишӣ барои боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд андешаҳояшро баён дошт.
Абдусабури Абдуваҳҳоб