Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки санаи 1-ноябр дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъбаҳои Раёсати маориф, муассисаҳои зертобеи он, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия доир гардид, фаъолияти нӯҳ моҳаи соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин дар ҷаласа 12 масъалаҳо вобаста ба беҳдошти таълиму тарбия, натиҷаҳои аттестатсияҳои муассисаҳои санҷидашуда, бардошт аз рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, омодагии ба мавсими тирамоҳу зимистон, иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 16. 05. 2018 “Дар бораи ташкли истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 ”, вазъи бо ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаҳои таҳлили дохилшавии довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд.
Дар суханрониҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва дигарон вобаста ба бурду бохти соҳа андешаҳои ҷолиб баён ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи кории ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Гузориши муфассал оид ба ҷараёни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовара дар нашрияи “Маорифи Суғд” ба чоп мерасад.