Аз гузориши Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалҳои носавоби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ хабардор шуда, ба ҳайрат омадам. Наход, дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки 25-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба ин кирдорҳои зишт рӯ оварда бошанд?
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишварро вазифадор кардаанд, ки “Ба хотири ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд”.
Мо — кормандони соҳаи маориф имрӯз дар ҷавоб ба ҳидояти Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона намудаем, ки насли ояндасози кишварро дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расонем. Танҳо бо ин васила мо метавонем, пеши роҳи падидаҳои номатлубро гирифта, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.
Гулсара Тошматова,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>