Дирӯз дар мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар шаш моҳи соли м2019 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони дастгоҳ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Раёсати маорифи вилоят, сармутахассисони бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, мудирони кабинети методӣ иштирок карданд.
Рӯзномаи ҷаласа аз 13 масъала, аз ҷумла аз ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар 6 моҳи соли 2019,тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят дар нимсолаи дуюми соли 2019, рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 ”Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара ва ноҳияи Айнӣ, рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2014, № 427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон , рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262 «Дар бораи тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, таҳлили бақайдгирии довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, натиҷаи аккредитатсияи давлатии гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, натиҷаи аккредитатсияи давлатии гимназияи №5-и ноҳияи Ашт, натиҷаи аттестатсияи литсейи №1-и ноҳияи Спитамен, санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Зафаробод ва Шаҳристон , рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.10.2009, №553 “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод, рафти омӯзиши вазъи фаъолияти Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Истаравшан ва Шаҳристон, пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 26.06.2019, №11/73п-19 “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иборат гардид.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар шаш моҳи соли 2019 маърӯза намуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод Д.Ниёзқулова, сардори Раёсати маорифи шаҳри Конибодом Б.Ҷабборӣ , сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Б.Сафаров ба музокира баромада, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам пешрав намудани фаъолият андешаҳо баён доштанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар суханрониаш оид ба вазифаҳои навбатии маорифчиён ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта, бо тайёрии ҳамаҷиҳата истиҷбол намудани соли нави таҳсил истода гузашт. Аз ҷониби мавсуф махсусан, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки аз тарафи прокуратураи вилоят пешниҳод гардидааст, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба сухан баромада, оид ба вазифаҳои навбатии маорифчиён истода гузашт, ки онҳо ба ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа мусоидат мекунанд.
Ғафурҷон Ҷӯраев, корманди Раёсати маорифи вилоят