Тибқи нақшаи корӣ дар толори Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ ва мушовирони томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи ҳисоботии муассисаҳои томактабии вилоят баргузор гардид.
Ҷаласа аз ҳисоботи мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара Тошматова оид ба корҳои дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2019-2020 анҷом додашуда, оғоз гардид.
Сипас мувофиқи нақша таҳлили «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» гузаронида шуда, таъмини иҷроиши он ва пешниҳоди маълумотнома дар ҳар шашмоҳа вазифагузорӣ гардид.
Инчунин барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 низ вазифаҳо муайян карда шуданд.
Дар ҷамбасти ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ оид ба пешравӣ ва камбудиҳои соҳаи низоми таҳсилоти томактабӣ бо мушовирон ҳамсӯҳбат гардид.