Ёде аз диловарон.

        279554985_368897398617316_8176994344153323450_nДар Кӯдакистон «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 77-умин солгарди Ғалабаи бузург маҳфили идона баргузор гардид. Тарбиятгирандагони томактабӣ бо иштироки меҳмонон ёде аз диловариҳои зафармандон карда, суруду таронаҳои ҷангиро замзама намуданд. (далее…)

Поси хотир: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад»

        279319702_368898318617224_5634990927877375080_nДар МТМУ 3-и шаҳри Хуҷанд мувофики нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабании бошукуҳ бахшида ба 77-умин солгарди-Ғалаба ба зидди Германияи фашистӣ тахти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад» бо тантана баргузор гардид.
Дар толори муассиса бо иштироки меҳмонон маҳфили илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Хонандагон бо шеъру суруд ва гуфторҳо доир ба қаҳрамониҳои бемисли ҳаводиси ҶБВ маълумот доданд.

(далее…)

Боздид аз мактаб.

       279165210_368893601951029_1763744163793719293_nБоздиди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд — Набизода Мадина Раҳмат аз фаъолияти муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзиши футбол, чавгон ва варзиши аспӣ»-и вилояти Суғд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 16 маҳфилҳои муассисаи мазкур зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ҷалб гардидаанд. (далее…)

Тарбияи ҳарби-ватандӯстӣ.

       изображение_viber_2022-05-06_14-57-31-120 Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Истаравшан, нақшаи чорабинии Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан санаи 05.05.2022 дар Литсей касби техникии шаҳри Истаравшан бо иштироки 35 муассисаи таълимии шаҳр гимназияҳо ва литсей ба миқдори 350 нафар хонандагон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯйи намудҳои «тирпаронӣ»аз яроқи ПВ «Сангбардори», «Турниккаши » ва намудҳои гуногуни варзиши сабук дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронда шуд, ки дар тарбияи ҳарби-ватандӯстии ҷавонон ва омодасозии онҳо нақши муҳим хоҳанд бозид. Ғолибон бо Ифтихорнаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии сардори раёсати маориф ва директори литсейи касбии техники сарфароз гардонида шуданад. (далее…)

Олимпиадаи байналхалқии барномарезӣ.

     Санаи 17 апрели соли равон се нафар279777270_321227136761348_8164178998817368969_n хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1-и ш. Хуҷанд Хамитов Муҳаммадҷон, Раҳматов Мирзобаҳодур ва Низомиддинов Низомидин дар олимпиадаи даставии «Высшая Проба» https://olymp.hse.ru/coding/ , ки ташкилкунандаи ин олимпиада донишгоҳи ВШЭ аст иштирок карда буданд, сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Хонандагони литсей дар соли ҷорӣ бори дувум аст, ки ғолиби олимпиадаи байналхалқии барномарезӣ гардиданд. Ҳамасола хонандагони литсей дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ то 10 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб мегарданд. (далее…)

Ҳаёти осоишта худ зиндагист!

      Баробари ҷаҳонишавии раванди нав дар олам, бо хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ муборизаи давлатҳои абарқудрат авҷ гирифта, ҳодисаҳои номатлуб меафзояд. Аз ҷумла, терроризму экстремизм густариш ёфта, ба ҳар хона аз маърифат дур будан роҳ меёбад.
       Дар ҷомеаи муосири мо ҳар як шахси худогоҳ бояд бидонад, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ҳаётро рангину зебо гардонем. Ба зидди ифротгароӣ зиракии сиёсиро қавӣ гардонем. Ҷавононро аз гумроҳӣ раҳо созем. Дар ин самт бар зидди террористону экстремистон тамоми тадбирҳоро биандешем. Ифротгароӣ амали номатлуб буда, дар худ оқибат шармсорӣ, бадномӣ дорад, шармсорӣ ба хонадонҳо падид меояд.
     Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ эътироф шудаанд. Ҷавонони мо дониста бошанд, ки раҳгумзадагиву носипосиву ғуломи хоҷагони хориҷӣ шуданҳо оқибатҳои вазнин доранд.
Ифротиёни носипос фаромӯш кардаанд, ки ин ҳама бадхоҳӣ оқибат баҳои ҳақиқии худро мегирад. Оқибат ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Ифротиён хоинони Ватан ҳастанд. Аз онҳо мо ҳазар мекунем.
Ҳар як сокини кишварамон дарк кунанд, ки шароити арзандаи зиндагӣ дорем.
Усмон САИД,
собиқадори меҳнат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баррасии масъалаҳои муҳим

        изображение_viber_2022-05-06_12-55-21-333Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи Шӯрои ғайринавбатии маорифчиёни ноҳия баргузор гардид.
       Дар ҷаласа бобати фарогирии масъалаҳои вазъи таълиму тарбияи мактаббачагон, таъминот бо либоси ягонаи мактабӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон ва рафти дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.изображение_viber_2022-05-06_12-55-21-226 изображение_viber_2022-05-06_12-55-22-943

(далее…)