Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф

    банерДар муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд семинар-машварат дар мавзӯи “Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф” баргузор гардид. Семинар-машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро хайрамақдам гуфт. Дар бораи зарурати баргузории чунин семинарҳо ва омӯзиши амиқи технологияҳои муосир муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ибрози андеша кард. (далее…)

НАВОВАРОН БА ДУБАЙ МЕРАВАНД

   75233466_2598469506881125_1720898326406103040_n Бо дастгирии Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ихтироъкорон ва навоварони вилояти Суғд — ғолибони озмуни байналмилалии «Мо навоварони асри ХХ1» дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон – Парвиз Очилзода, хонандаи синфи 11-и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев, хонандаи синфи 11, Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, Нафиса Қобилзода, хонандаи синфи 11, МТУҒ «Ирфон» дар озмуни байналмилалии «Робототехника», ки аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «First globall challange-2019» баргузор мегардад, иштирок менамоянд. (далее…)

Ғолибон муайян шуданд

омузгори соли исфараБо мақсади дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин даври шаҳрии озмунҳои «Омӯзгори ҷавони сол» ва  «Омӯзгори соли Тоҷикистон» аз рӯйи 10 шарт: дастурҳои методӣ, таҳияи нақшаи дарс, ҳолатҳои педагогӣ-психологӣ, дарс, муаррифии таҷрибаи корӣ ва портфолиои омӯзгор, таҳлили дарс, гузаронидани маҷлиси падару модарон, санҷиши донишҳои назарявӣ ва мизи мудаввар, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ дар сатҳи баланд бо дастгирии маъмурияти муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Ба даври вилоятии «Омӯзгори ҷавони сол» омӯзгори фанни математикаи м.т.м.у. №68 Абдусабур Қаҳҳоров ва ба даври вилоятии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №5 Зулхумор Сангинова роҳ ёфтанд.
Омӯзгори фанни математикаи м.т.м.у. №12 Парвина Шодиева сазовори ҷойи аввал, омӯзгори фанни технологияи иттилотии м.т.м.у. №6 Акмал Бобохонов ва омӯзгори фанни забон ва адабиёт аз м.т.м.у. №35 Маҳлиё Расулӣ сазовори ҷойи дуюм, омӯзгори фанни забони русии м.т.м.у. №1 Элмира Тинчерова сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ

2Рӯзи байналмилалии саводнокиро аҳли омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо чорабинии идона истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин,  дар ин рӯз аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” китобҳои бадеӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ тақдим гардиданд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем”, ҳамзамон сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. (далее…)

Озмуни вилоятии «Тирамохи заррин» баргузор гардид

   тирамохи заррин 2 Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 500 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» пуршукӯҳ баргузор гардид. Дар се бахши озмун: намоишгоҳи беҳтарин, беҳтарин кори илми-таҳқиқотӣ, саволу ҷавоб 16 даста аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Деваштич дар бахшҳо хуб ҳунарнамоӣ намуда, ғолибият ба даст оварданд.тирамохи заррин

тирамохи заррин 2Абдусабури Абдуваҳҳоб

МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД

    DSCF8950Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки  муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа 10 масъалаи мубрами ҳаёти соҳа, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар 9 моҳи соли 2019, пешниҳодҳои Прокуратураи вилоят аз 14.09.2019, №11/93П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, аз 07.10.2019, №11/95П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни хонандагон, бахусус ҳолатҳои аз тарафи хонандагон идора намудани автомашинаҳо”, аз 21.08.2019, №11/27-289 сод “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда” рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Деваштич, рафти фаъолияти раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019, дохилшавии довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ барои соли таҳсили 2019-2020, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои вилоят, таҳлил ва баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди гуфтугӯи ҳамаҷониба қарор гирифтанд. (далее…)

ҒОЛИБИЯТИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАСМКАШӢ

DSCF8915Наздики 20 — сол мешавад, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти мо фаъолияти  бомаром дошта, 620 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, намак ва нахӯд таъмин менамояд. Дар маҷмуъ ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  ғизои маводи аввалияи 161 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии 15 шаҳру навоҳии вилоятро саривақт  мерасонад. Ҳамзамон  дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  сохтмони ошхонаҳои замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили минтақаҳои таҷрибавӣ — истеҳсолӣ дар назди мактабҳо мутташаккилона идома доранд. Ба ҷузъ аз ин иқдомҳои башардӯстона Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамасола ба хотири таҳкими дӯстиву рафоқат байни наврасон, дар руҳияи худшиносӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни “Расми беҳтарин”- ро роҳандозӣ кардааст, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдиронида мешаванд. (далее…)

ҲАДАФ — БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

IMG_1587_новый размер    Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  барои кормандони соҳаи маорифи вилоят дар мавзӯи “Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи “Длюкс” тренинг доир намуд.
Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Хуршед Саидов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ба мардум расонидани арзишҳои ҳифзи муҳити зист мебошад. (далее…)

Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ

IMG_20191004_121535Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия олимон ва устодони филиали донишкада ва зиёда аз 150 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи муассиса Рустамов Ш.Р. оғоз бахшида, роҷеъ ба мафҳум ва моҳияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забон ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон дар даврони истиқлолият, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳои маънавӣ, пуштабонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони давлатӣ ибрози андеша намуд. (далее…)

ДАВРИ АВВАЛ БАРГУЗОР ШУД

DSCF8841Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд доир карда мешавад.
Даври аввали озмуни вилоятӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод аз рӯи шартҳои дониш ва маҳорати касбии мураббия, таҳлили ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара  ва мизи мудаввар доир гардид. Ба дониш ва маҳорати иштирокчиёни даври аввали озмун ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ гузоштанд. Панҷ нафар беҳтаринҳо мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври асосии вилоят роҳхат гирифта,  нафари ғолиб дар ин марҳила ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” вилояти моро муаррифӣ хоҳанд кард.