Қабули шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    285022713_384458130394576_1872017664375771390_nҚабули шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини якуми вазир Ҷ.Ҷӯразода ва муовини вазир Л.Абдулхолиқзода (далее…)

ВАТАН ИН ЗОДГОҲ НЕСТ, ВАТАН ТОҶИКИСТОН АСТ

     Ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи асосии тамоми мардум кишварамон баҳисоб меравад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин буда, мардум дар фазои сулҳу амният кору зиндагӣ мекунанд. Доштани давлати соҳибихтиёру мустақил, забон, урфу одат ва тамаддуни беш аз 6000 сола арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Мутаассифона то ҳанӯз ҳастанд шахсоне, ки зери таъсири унсурҳои бегона қарор гирифта, ба амалҳои ҷиноятӣ даст мезананд, осоиштагии мардумро халалдор намуда ба рушди ҳама соҳаҳои ҷомеа монеаҳо эҷод мекунанд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, барои қонеи ҳадафҳои ҷиноятии хеш онҳоро ҳамчун афзори содиркунандаи ҷиноят истифода мебаранд. Воқеаҳои охире, ки тайи рӯзҳои охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшонба вуқӯъ пайваст ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад. Ҳодисаҳои рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки дар инҷо дахолат аз хориҷи кишвар мебошад, зеро мардуми азизи мо ба ин гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ якбо гирифтор шуда буданд ва оқибатҳои хунхоронаи ин ҷанги хонамонсузро дарк карда метавонанд. Гурӯҳи хурди ҷиноятии ташкилкардашуда, ки аз номи мардуми шарафманди Бадахшон баромад намуда, дидаву дониста даст ба тазоҳуроту бетартибиҳо зада истодаанд, барои хоҷагони хориҷӣ худро ба марг ва ё паси панҷара бурда мерасонанд. Аз ин лиҳоз мо ҷавонони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи дасисаҳои душманони миллат нашаванд ва ин тоифа одамони ҷинояткорро ҷонибдорӣ накунанд.
Ашӯрматов Ф.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад. 

Ватандорӣ шараф асту шараф!

     284257017_383240947182961_6412449194959056853_nФилми «Шикасти фитна»-родида, гӯё ҷонам дар гирифт. Чаро? Ҳар боре, ки дар бораи оқибатҳои ҷангу нооромиҳои дар кишварҳои хориҷӣ баамаломада мешунавам, аз оромии Тоҷикистони азизамон шукр мегӯям. Вале, мутаассифона, фарзандони нохалаф  — хоинони Ватан мехоҳанд, барои пулҳои садақавию ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ  ба ободии диёр халал расонанд, ҷони чандин бегуноҳонро ба зери ҳавф гузоранд. Ҳар як қадам ва амале, ки барои фитнаву ҷанг анҷом ёфт, нобахшиданист. Чун хизмат ба Ватан-Модар шараф аст, хиёнат ба Ватан баробари хиёнат ба Модар мебошад, ҳеҷ кас бахшидан наметавонад.
      Ба мардуми иродатманди Бадахшон гуфтаниам, ки чун ранҷу азоби фитнаро бо чашм диданд, эҳсос карданд, минбаъд сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.  Ватандорӣ ин хислати хуби инсонист, барои фарди худшинос шараф меоварад.
Навбаҳор Сотқинова,
омӯзгори фанни забон ва
адабиёти тоҷики МТМУ 22,
ноҳияи Спитамен

Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад. 

Вохӯрӣ ва мубодилаи афкор

283151060_383197340520655_9199432796681489162_n     Рўзҳои 25 –уми майи соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 бо иштироки 160 нафар омўзгору хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Понғоз,  26 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 бо иштироки  160 нафар омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохўрӣ бо намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи равобити  байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони маориф Ҳангома Қурбонова ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода оид ба масъалаҳои  тарғиби арзишҳои миллӣ, зарурат ва қимати давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёд барои мардуми Тоҷикистон, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ, таваҷҷуҳи махсус додан ба пасманзари манфии сиёсисозии динӣ баргузор гардид.

(далее…)

Маҳкум намуданд

   284480160_383242917182764_3044893750166406277_nҶомеаи меҳнатии Раёсати маорифи вилояти Суғд, зерсохторҳои он, ҳайати эҷодии нашрияи “Маорифи Суғд” ва замимаи бачагонаи он – “Дурахшандагон” дар толори маҷлисҳои раёсат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро муташаккилона тамошо карданд.
       Воқеаҳои филм оид ба хиёнату ватанфурӯшии чор нафар фарзандони нохалафи Бадахшон – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов (муқими яке аз кишварҳои Аврупо, муовини созмони террористии бо ном “Паймони миллӣ”) ба таври возеҳу равшан нақл мекунад.

(далее…)

Фарҷоми ҷанг оҳу фиғон аст

Филми “Шикасти фитна”, ки тавассути телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, тамошобинонро бо решаи фитнаю дасиса ошно намуд.
Дар филм сухан дар бораи он меравад, ки нафарони бадамал бо раҳнамоии Алим Шерзамонов нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онро анҷом медиҳанд.
Маълум гардид, ки барои иҷроиши ин амалиёт гурӯҳи муташаккили террористӣ моҳҳои зиёд тайёрӣ дида, яроқу аслиҳаи оташфишониро ба миқдори зиёд ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда буданд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки дар он ошкорову ниҳонӣ падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккил хатару таҳдидҳои навро ба миён меоваранд, ҳушёрии сиёсиро боз ҳам баланд бардорем. Дар мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ба шогирдон дарси садоқат ба Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, мубориза бо ҳар гуна ифротгароиҳоро омӯзем. Танҳо бо ин васила амалҳои манфури хоинони Ватан Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатнисо Мамадшоеваро пешгирӣ кардан мумкин мегардад.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Касеро озор диҳӣ, озор мебинӣ!

    Гурӯҳи хурди нохалаф таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ – террористии тундгаро Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти қонунии Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ шуда, нооромиву хатар эҷод карда, ноҳияи Рӯшонро ба таҳлука андохтанд ва оқибат аз нокомӣ сари худ сарозери кардаҳои худ карданд.
Охир, онҳо ҳам обу нону намаки кишвар – Тоҷикистонро хӯрда, ба воя расида буданд – ку?! Имрӯз чаро носипосӣ карда, даст ба ҷиноят заданд?
Дар асл ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва аъзои он чӣ ва кӣ шудаанд, ки ба таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои қатъи ҳама қонуншиканиҳо итоату риоя накарда, кирдорҳои нанговару инсонгароии хешро давом доданд?!
Инсонбадбинии онҳо оё то ҳамин дараҷа, ки шахсони бегуноҳро таҳқиру ҳақорат ва мавриди лату кӯби шадид қарор доданд. Ҳайфи номи одамӣ бар шумоён разилони террорист, душманони сулҳу суботу оромӣ, — мегӯем мо.
Шайх Саъдии бузургвор гуфта:
Вақте дили дӯстон ба ҷанг озоранд,
Чандон ки на ҷои оштӣ бигзоранд.
Мо давлати соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд ва озоду демократии худро ҳифз мекунем, дӯст медорем ва гиромӣ медорем!
Д. Сатторова,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Истаравшан Мӯъминова Ф. ва сардори Раëсати маорифи вилояти Суғд Набизода М.Р. баргузор гардид. (далее…)

«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН»

   284289737_382615653912157_3968528775626868384_n Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и шаҳри Хуҷанд машғулияти намунавии “Омодагӣ ба саводомўзӣ” аз тарафи мураббия Мунира Раҳматова ташкил ва баргузор карда шуд.
     Таъкид шуд, ки ҷавҳари асосии машғулиятҳои саводомӯзиро нутқи алоқанок, шиносоии овозию ҳарфӣ, машқи хониш, машқи хат ва тозанависӣ ташкил медиҳад. Ҳар яки ин пояҳо аз ҷониби мураббӣ бо мисолҳои аниқ ва аёниятҳои гуногун возеҳу равшан шарҳ ёфтаанд, ки аз он тарбиятгирандагон баҳраи хуб бардоштанд.

(далее…)