Тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1 -и ба номи Раҳим Ҷалил семинари шиносоӣ ва омӯзишӣ бо иштироки масъулин ҷараён мегирад.
Имрӯз дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва Хусрав Азизода иштирок ва баромад намуданд.
Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз доир шуда, масъулини ташкилкунадагон роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.
Ба таблиғгарон маводди ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД, тақсим карда мешавад.
Абдусабури Абдуваҳҳоб