Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявиро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад. Дар ин раванд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати ҳуқуқасос замина гузошт.
Рафти ҳаёти ҷомеа собит кардаву менамояд, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибихтиёрамон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботи тамоми мардуми кишвар мебошад. Аксари мардуми тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба хоку обу замини муқаддаси аҷдодӣ рӯй овардаанд.
Воқеаҳо, ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои чанд рӯзи охир дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон доданд, ки гурӯҳҳои мансабхоҳ аз дину мазҳаб ба рӯй ниқоб гирифта, ба ташкили доираи нопоку иғвоангез даст заданд, такягоҳе шуданд ҳар гуна равияҳои номатлубу корҳои зишту ноҷоро ба анҷом расонанд. Ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби назҳати ислом, ки бо кирдорҳои ғайриинсониву даҳшатнокаш дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва он имрӯз бо саркардагони ватанфурӯши худ дар хориҷи кишвар ба саркардагони ватанфурӯши худ дар дохили кишвар–хиёнаткори ашшадӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров разолату инсонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ машғул шуда, боз мехоҳад даст ба ҷиноят занад, мардуми осудаҳолу фазои орому осоиштаро боз ба гумроҳии доираи худ бубарад, сафсатафурӯшӣ, туҳмату инсонбадбинӣ тариқи ташкили гирдиҳамоӣ даҳон воз мекунад. Амалҳои ноҷои ин хоини миллат хатарҳову таҳдидҳои нав ба навро барои ҷомеаи мамлакат ба ҷо овардан мебошад, ифротгаро мехоҳад ифротгароён тинҷиву оромӣ, шукуфоиву созандагиро халалдор созад, аммо ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразноки худ намерсанд. Зеро имрӯз чӣ хурду чӣ бузургсоли мамлакати азизамон пешрафту осоишу оромиро дар диёри арҷмандамон равшан эҳсос карда метавонанд. Онҳо ҳамеша барои ҳифзи сулҳу суботи давлатамон, ҷомеаи солими Тоҷикистони соҳибистиқлол, арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва рисолати Ваҳдати миллӣ омода ҳастанду эҳтиром меоваранд.
Равшану гуворо мебинем, ки дар замони муосир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол насли нави ҷомеаи ҷадид, соҳибистеъдоду илмдӯсду фарҳангпарвару забондон, ба камол расида истодааст. Бузургони аҳли маънӣ дар хусуси мавқеи инсон дар ҳаёт гуфтаанд – бе омӯзиш, бе мутолиа инсон наметавонад ҷойгоҳи шоистае дар ҷомеа пайдо бикунад.
Аммо хиёнаткор Муҳаммадбоқир дар Кӯҳистони Бадахшон худро ҳамчун ҳокими мутлақ пиндошта, мардуми гумроҳро ба оташи дӯзах мекашад – чанд соли охир амали ӯ чунин ранг дошт. Ӯ террорист аст, ки худ аъзои ташкилоти террористии ҲНИ будаву роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Кӯҳистони Бадахшон даст ба ҷиноят зада, оромии давлату миллатро халадор карда, тамоми мардуми Бадахшони ватандӯстро ба дод овардааст, ки имрӯз ба лаънати ҳамагон гирифтор шудааст.
Унсуралмаолии Кайковус дар асари машҳури худ “Қобуснома” таъкидан навиштааст: “Агар аз бедавлатӣ камбағал бошӣ, барои аз ақл бой шудан ҳаракат кун. Зеро ба ҷои давлат доштан, ақл доштан афзалу беҳтар аст. Бо ақл давлат ҷамъ карда мешавад, лекин бо давлат ақл ёфтан ғайриимкон аст”.
Биноан, дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷомеа – омили муҳиммест, ки шахсиятро ташаккул медиҳад, илму дониши фарогир ба ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ асос мегузорад.
Нозир ШАФАҚӢ,
вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>