Даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» дар бинои Маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Шарафи вилояти моро ғолиби даври вилоятӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ, ҳимоя намуд.
Дар расми ифтитоҳи озмун директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Назаров. К баргузор намудани чунин тадбирро баҳри боз ҳам баланд бардоштани шавқ ва завқи хонандагону устодон ба илми технология муҳим арзёбӣ намуд.
Натиҷаи холгузории ҳайати доварон навовариҳо ва корҳои назаррасӣ омӯзгори ҷавонӣ пуртаҷрибаи фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ.-ро ба назар гирифта кабинети технологияи иттилоотии муассисаи мазкур сазовори ҷои дуюм донистанд.
Раёсати маорифи вилоят барои ноил шудан ба чунин дастовард ба аҳли кормандони Маркази вилоятиии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров изҳори миннатдорӣ намуда, ба омӯзгор Ачилов. Ҳ дар фатҳи қуллаҳои нави музаффарият барору комёбӣ таманно доранд.