Санаи 17 апрели соли равон се нафар хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1-и ш. Хуҷанд Хамитов Муҳаммадҷон, Раҳматов Мирзобаҳодур ва Низомиддинов Низомидин дар олимпиадаи даставии «Высшая Проба» https://olymp.hse.ru/coding/ , ки ташкилкунандаи ин олимпиада донишгоҳи ВШЭ аст иштирок карда буданд, сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Хонандагони литсей дар соли ҷорӣ бори дувум аст, ки ғолиби олимпиадаи байналхалқии барномарезӣ гардиданд. Ҳамасола хонандагони литсей дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ то 10 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб мегарданд.