Бахшида ба соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тасмим гирифт, ки озмуни вилоятии иншоро дар мавзӯи «Соли 2017-Соли ҷавонон» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намояд.
Дар озмуни мазкур хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Деваштич, Палос, Зафаробод, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Спитамен фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа ҷои аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ №32 Амакова Малоҳат аз шаҳри Исфара соҳиб шуд. Ҷои дуюм насиби хонандаи синфи 11, МТМУ№16 Мамадалиев Шерзод аз ноҳияи Деваштич гардид. Ба ҷои сеюмро хонандаи синфи 11-и МТМУ№7 Шодиматова Сарвиноз аз шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ноил шуд.
Ғолибони озмун бо диплому ифтихорномаҳо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тақдиронида шуданд.