278570106_551630193238730_9046211919640922477_n
Дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд №52 аз 24.02.22 бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо,  ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми моҳи апрел даври шаҳриву ноҳиявии Сессияи Академияи хурди илмҳо пуршукӯҳ доир гардида, дар кори он беш аз 7 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Сессияи Академияи хурди илмҳо дар асоси Низомнома аз рӯи 20 бахш: физика, астрофизика, математика, химия, биология, тиб, иқтисодиёт, экология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика, психология, таърих, ҳуқуқ ва рӯзноманигорӣ гузаронида шуд.279201736_551631043238645_4821584172030197540_n
     Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардида бо Диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии озмун, ки даҳаи аввали моҳи май ба нақша гирифта шудааст, роҳхат гирифтанд.
      Лозим ба таъкид аст, ки фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар вилояти Суғд аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагии Академияи хурди илмҳои вилояти Суғд ба роҳ монад шуда, имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ беш аз 70 маҳфилҳои доимоамалкунандаи Академияи хурди илмҳо ба роҳ монда шуда, ба кори онҳо беш аз 5000 хонандагон ҷалб карда шудаанд.
    278905509_551630519905364_8285203403124873590_n  Ҳамасола бо дастгирии ҳамаҷонибаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи Академияи хурди илмҳо аз ҷониби Акдемияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
     Имсол низ даври ҷумҳуриявии он даҳаи сеюми моҳи май дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
     Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳо хуб баромад намуда, таи 5 соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб менамоянд.

 

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>