Бори нахуст бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар мактаб – интернати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Дар он 32 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзиданд. Ба дониши зеҳнии шоҳмотбозон ҳайати бонуфузи ҳакамон — донандагони хуби бозии шоҳмот ҳакамӣ намуданд.
Байни писарон Шоҳҷаҳон Саидов, хонандаи синфи 6-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми аввалро касб намуд. Зинаҳои баъдиро Шаҳобиддин Мӯминов, хонандаи синифи 8-и МТМУ №32, шаҳри Исфара, Санҷар Ҳакимов, хонандаи синфи 8-и, Литсейи №1, шаҳри Истаравшан ва Абдураҳмон Тошхӯҷаев, хонандаи синфи 7-и МТМУ№ 5, шаҳри Исфара ишғол намуданд.
Аз байни духтарон ҷойи аввалро Рухшона Саидова, хонандаи синфи 8-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов ба даст овард. Зинаи дуюмро Оисаҷон Миршарофова, хонандаи синфи 9-и МТМУ№ 15, шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюмро Шоҳсанам Ҷумъаева, хонандаи синфи 5 –и Гимназияи №5, шаҳри Истаравшан ва мақоми чорумро Озодахон Шарифова, хонандаи синфи 8-и МТМУ№ 18,шаҳри Истаравшан ишғол кард.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб