Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳони ӯ зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сухани ифтитоҳии Саид Нуриддин Саид оғоз гардида, мавсуф таъкид дошт, ки соҳаи маорифи вилоят дар ҳама самт пешравиҳои назаррас дорад. Нақши маорифчиёни вилоят дар пешбурди фаъолияти аҳли маорифи кишвар назаррас аст. Ғолибияти навбатии иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ аз вилоят ин мақоми маорифчиёни Суғдро дар кишвар боз ҳам баланд бардошт.
Ба таъкиди Вазир қаблан чунин ҷаласаҳои сайёр дар дигар минтақаҳои кишвар — шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва водии Рашт баргузор гардида, ҳадаф аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо ҷараёни таълиму тарбия ва ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа мебошад.
Муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ оид ба вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориш дод. Мавсуф баробари зикри муваффақиятҳо аз натиҷаи санҷиши 252 муассисаҳои таълимӣ хулосабардорӣ кард. Қайд шуд, ки алҳол пешорӯи маорифчиёни вилоят мушкилоти ба пуррагӣ фарогир нашудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва ба кори мураббиягӣ ҷалб шудани мураббияҳои ғайриихтисос, ба таълим машғулшавии беш аз 93 нафар устодони синнашон аз 75 сола боло ҷой доранд. Ҳамчунин зикр шуд, ки 12 нафар хонандагони вилоят аз таҳсил дур мондаанд. Теъдоди омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва ғайриихтисоси фаннӣ дар вилоят ҳамагӣ 480 нафарро ташкил медиҳанд. Маърӯзачӣ иштироки фаъолонаи хонандагони вилоятро дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ махсус таъкид намуда, дастпарварони шаҳру навоҳи Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуровро намуна ба дигарон ҳисобид. Шогирдони ин шаҳру навоҳии вилоят бо ба даст овардани беш аз 164 зинаҳои ифтихорӣ дар 4 соли охир соҳиби дастоварди назаррас шуданд. Аммо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияи Истиқлол ва Кӯҳистони Масчоҳ дар давоми чор сол дар ин самт ба ягон пешравӣ соҳиб нашудаанд.
Муовини аввали Вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев зимни таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот олиии вилоят зикр дошт, ки барои боз ҳам хубтару самараноктар гузаштани ҷараёни машғулиятҳо бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ воситаҳои аёниии муосир бештар истифода шаванд. Пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳо ва вусъати пажӯҳишу истеҳсолот дар паркҳои технологӣ барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Аммо вазъи компютеркунонӣ, истифодаи проектору тахтаи электронӣ, дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии интернет на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар пояи хуб аст. Шумораи устодони ҷавони унвондор низ тақвият мехоҳад. Бояд бештар устодон ба корҳои илимиву пажӯҳишӣ даст зананд.
Вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид дар заминаи баромади Раҳматулло Мирбобоев зикр дошт, ки дар қиёс ба дигар мактабҳои олии вилоят раванди компютеркунонӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо проектору тахтаҳои электронӣ, дастрасӣ ба интернет ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар самти риёзиву техникӣ дар Донишкадаи полиетехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хуб аст.
Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов оид ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ солҳои 2014-2017 мухтасар ҳисобот дод. Қайд шуд, ки агар дар соли нахустини фаъолият дар маҷмӯъ дар 14 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои марказ фаъолият дошта бошанд, пас ҳоло ин теъдод ба 29 адад расидааст. Мавсуф зимни баромад аз он изҳори таассуф намуд, ки на ҳамаи ҳуҷҷатсупоридагон аз сомонаи Марказ, хосса, кабинетҳои инфиродӣ самаранок истифода мебаранд. Масалан, дар соли 2017 аз кабинетҳои инфиродӣ ҳамагӣ 63590 нафар довталабон (55,47 % аз 114639 довталаб тибқи 3 озмуни тақсимот) ва 28737 нафар аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” истифода кардаанд. Бинобар мувофиқи мақсад набудани таблиғот, бедор накардан шавқи хонандагон ба илмҳои дақиқу равияи техникӣ сол аз сол теъдоди довталабон ба гурӯҳҳои ихтисоси якуму дуюм кам мешавад. Мавсуф аз камтаваҷҷуҳии масъулони соҳа дар мавриди аз қайдгузарӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ изҳори ташвиш кард. Масалан аз шумораи 3899 нафар хатмкунандагони шаҳри Истаравшан ҳамагӣ 1710 нафар аз қайд гузаштаннд, ки 43, 86 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Дар маҷмӯъ дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар холҳои миёнаи довталабони вилояти Суғд аз ҳама баланд аст.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар Комил Исоев дар бораи вазъи таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ гузориш дода, таъкид дошт, ки барои беҳтар шудани сифати таълим аз Вазорати маориф ва илми кишвар дар соли хониши 2017-2018 2285311 адад дастрас гардид.. Аммо маблағи бақияи қарзи китоби истифодашуда то кунун 1 миллиону 923 ҳазору 101,77 сомониро ташкил медиҳад. Ба андешаи Комилшоҳ Исоев яке аз мушкилаҳои соҳа аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ба таври воқеӣ пешниҳод накардани эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ аст. Мутаассифона, номгӯйи пешниҳодкардаи масъулони таълимгоҳҳо ва шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба теъдоди мавҷудаи китобҳои дарсӣ, ки хонандагони мактабҳо ба онҳо ниёз доранд, мувофиқат намекунанд. Аз ин рӯ, норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба миён омадааст. Яке аз сабабҳои дигари танқисӣ дар чопи китобҳои дарсӣ сари вақт пардохт нашудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф мебошад. Мушкилоти дигари фаъолияти китобдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ихтисосманд набудани мудирони китобхона ва китобдорон аст.
Директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» Киромиддин Назаров таъкид дошт, ки дар вилояти Суғд 19 Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия таъсис дода шуда, бо 75 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд. Махсусан фаъолияти марказҳои вилоятӣ ва шаҳри Исфара қобили омӯзиш аст. Дар шаҳри Исфара 7 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки барои боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани таълими технологӣ мусоидат мекунад. Аммо на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят Марказҳо бинои алоҳидаи худро доранд. Хуб мешуд, ки дар ин бобат роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба фаъолияти Марказҳои шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод ва Спитамен пайравӣ менамуданд.
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров дар бораи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориши муфассал ироа дошт. Қайд шуд, ки дар вилоят 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейи касбии техникӣ) фаъолият менамоянд, ки аз рӯйи 30 ихтисос касбҳои коргарӣ мутахассис омода намуда, дар онҳо 6983 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон, дар вилоят 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ-технологӣ, варзиш, иқтисодӣ, кишоварзӣ фарҳангӣ дар доираи 57 ихтисос мутахассисонро омода месозанд ва дорои 19738 нафар донишҷӯ мебошанд. Рафти санҷиш нишон дод, ки биноҳои литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом, литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ва санъати шаҳри Хуҷанд, омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров кӯҳнабуёнд буда, аксарияти биноҳо то ин ҷониб аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд, овезаҳо, расмҳои зиёд истифодашуда, ҷадвали дарсӣ , гӯшаи назоратии муассисҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошанд. Ба андешаи Ҷалолиддин Амиров яке аз проблемаи асосии муассисаҳои таълимии мазкур нарасидани китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ буда, муассисаҳои таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.афуров, омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, техникии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд нисбати дастрасии адабиётҳои фанҳои умумитаълимӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат накардаанд.
Дар соли таҳсили 2017-2018 аз 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят танҳо 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии вилоят 9 муассисаи таълимӣ барои харидории китобҳои дарсӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намудаанду халос.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар рафти ҷаласа оид ба бартараф намудан камбудиҳои мавҷудаи соҳа андеша ва мулоҳизаҳои ҷолиб баён дошт. Бино ба таъкиди Вазир
муассисаҳои таҳсилотии вилоят баробари дастовардҳои назаррас аз камбудиҳо орӣ нестанд ва ислоҳи саривақтии онҳо пешбурди фаъолиятро дар соҳа таъмин менамояд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба ҳайати гурӯҳҳои кории Вазорат барои таҳлили мӯшикофонаю муфид изҳори сипоси самимӣ намуда, таъкид дошт, ки камбудиҳои мавҷуда ислоҳшавандаанд ва дар муддати кӯтоҳ онҳо бартараф хоҳанд шуд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии Раёсати маорифи вилояти Суғд