Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят ва филилали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ бо мудирони кабинетҳои методӣ, мушовирон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадами соҳаи маориф баргузор гардид.
Директори ФМДДҶИБКСМ дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исматдинов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати педагогии омӯзгорон нек арзёбӣ намуд.
Абдураҳим Қурбонов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят, зимни баромади хеш аз дастовардҳои омӯзгорони вилоят дар ҷодаи таълиму тарбияи хонандагон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз устодони навовару масъулиятпеша, роҳҳои мақсаднок гузаронидани машғулиятҳо, омодагии омӯзгорон ба дарс, истифодаи васеи дастгоҳҳои аудиовизуалӣ сухан ронд.
Дар қисмати дуввуми семинар дар 33 бахшҳои планери беш аз 400 нафар омӯзгорони вилоят бо ташкили дарсҳои устодони навовари ҳамаи фанҳо ошноӣ пайдо намуданд.
Бо ҳамин кори семинар анҷом пазируфт.