
Дар семинари омӯзишӣ, ки санаи 26.05.2022 тариқи онлайнӣ дар мавзӯи “Доир ба баррасӣ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор намуд, масъалаҳои умдаи фаъолияти маорифчиён мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

Кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд, “Маркази таълимию методӣ”-и назди Раёсат, инчунин масъулини раёсат, шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семинари мазкур тариқи онлайн ширкат варзида, ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ аз андешаҳои дар чорабинӣ баёнгардида бархурдор гаштанд.
