
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳои навбатии ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан рафт.

Мудирони шуъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.
Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиён давоми нимсолаи аввал гузориш дода, оид ба вазифаҳои навбатии маорифчиёни вилоят дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.
Сипас, байни сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода ва хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиён дар шашмоҳаи аввали соли 2022 пурсишу посух сурат гирифт.
Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорон Сайфулло Маҳкамов, Абдуҳамид Ҷӯраев, Мирзоаъзам Мақсудов, Фарзона Муродӣ, Муслима Раҳимова, Ӯғулой Раҷабова, Мӯниса Атаева, Саидмухтори Саиданвар, Меҳрангези Абдуаҳад, Қамари Аҳрор, Шоира Салимова вобаста ба норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, теъдоди кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда, пешгирии фурӯши чиптаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, фарогирии тифлакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёди кӯдакистонҳои нав дар деҳот, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, эҳтиёҷ ба равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ, ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, ташкили хӯрок дар ошхонаҳои мактабӣ ва назорати сифати он, раванди қабули хонандагон дар Муассисаи нави таълимии Тоҷикистону Россия, таъмини омӯзгорон бо манзили истиқоматӣ, таъминот бо сару либоси тавсиявии мактабӣ, қадршиносии ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар саволҳои марбут ба рушди маориф ва сифати таҳсилот муроҷиат карданд.
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ба суолҳои матраҳшуда возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят М.Набизода дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.