Конференсияи навбатии Марказҳои технологияи иттилоотии назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят, ки бо иқдоми Маркази технология ва иттилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ин дафъа масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагонро тавассути дарсҳои онлайни мавриди баррасӣ қарор дод. Ба роҳбарону масъулони Марказҳо директори Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров К роҳҳои тақвият бахшидани дониши хонандагонро тавассути видеомашғулиятҳо фаҳмонида, баён дошт, ки самаранок истифода бурдани шабакаи байналмилалии интернет ва дар хазинаи электронӣ ҷо намудани машғулиятҳои навоваронаи устодон аз аҳамият холӣ нест. Бояд кормандони Маркази ТИК дар ҳамоҷоягӣ бо омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ роҳҳои самаранок дар зеҳну хотироти хонандагон ҷо гирифтани донишро ҷӯё бошанд.
Зимни онлайн конференсия иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.