Имрӯз, 1 августи соли 2022 аз ҷониби сехи таълимӣ — истеҳсолии дӯзандагии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ярмарка фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ярмарка маҳсулоти тайёри либоси мактабии сехи мазкур ба мактабиён ва волидайнашон пешниҳод карда шуд, ки аз ҷиҳати сифатнокӣ ва дастрасӣ ба нарх ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ буд.
Таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинишуда ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.