Дар толори маҷлисгоҳи нозироти андози шаҳри Исфара мулоқоти навбатии сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳр доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода ҳусни ифтитоҳ бахшида роҳандозии чунин тадбирро, ки бо иқдоми Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ доир шуда истодааст, хеле муҳим ва саривақтӣ барои интихоби касби ҷавонон номид.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзотоҳир Набиев зимни суханронии хеш ҷараёни таълиму тарбияи мактабиёни шаҳру навоҳии Исфараро ба риштаи таҳлил кашида, қайд намуд, ки дар муассисаҳои олии вилоят беш аз 2717 нафар зодагони шаҳри Исфара паи донишомӯзианд. Аз шумори умуми донишҷӯён 175 нафар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсили илм мекунанд.
Анвар Мақсудӣ, ректори ДДХ дар бораи афзун шудани шумораи донишҷӯён дар ду соли охир аз ҳисоби донишҷӯёни Исфара, таваҷҷӯҳи хосса додан ба илмҳои дақиқ, Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДҲБСТ оиди ҳамкории самарабахши донишгоҳ бо ташкилоту муассисаҳо, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ дар бораи зарурияти омодасозии мутахассисони соҳаи геология ва иктишофи нафту газ дар шароити Исфарамарз, Хуршед Худойбердиев, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ оиди ҷалби хатмкунадагон ба ихтисосҳои соҳаи сохтмон, меъморӣ, телекоммуникатсия, иқтисодиёт ва технология ва Ҳошимзода Ҳомидҷон, муовини директор оид ба таълими ДИСДТТ дар бораи сатҳи забондонӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва савдо сухан ронданд.
Хатмкунандагон тавассути слайд ва видеороликҳо аз набзи муассисаҳои олии вилоят шиносоӣ бештар пайдо намуданд.
Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт