Чунин унвон дошт озмуне, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд
Озмун аз рӯи 3 бахш- ташкили намоишгоҳ, маҳорати рассомӣ, газетаи девории беҳтарин доир гардида, ҳайати доварон аз Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Парпиев ба ҳунару малака ва истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ гузоштанд.
Дар бахши «Ташкили намоишгоҳ”ҷойи аввал насиби Қосимов Бойназар хонандаи синфи 8 МТМУ № 2 -и ноҳияи Ашт; гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Сатторов Ҷасур, хонандаи синфи 8, МТМУ № 2-и шаҳри Истиқлол ва Сарвинози Ислом, хонандаи синфи 9, МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд.
Дар бахши «Маҳорати рассомӣ” Муродов Шохруҳ, хонандаи синфи 11, Литсейи №1-и ноҳияи Ҷ. Расулов пирӯз шуда, Ҳакимов Аҳадҷон хонандаи синфи 10, МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ва Худойбердиев Диловар, хонандаи синфи 9, МТМУ №31-и шаҳри Исфара зинаҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Дар бахши «Газетаи девории беҳтарин”ҷойи аввалро Зоиров Мунирҷон, хонандаи синфи 7, МТҒ “Паймони Азизон”-и шаҳри Хуҷанд гирифт. Ба мақомҳои дуюму сеюм Авезова Ясмина, хонандаи синфи 10, Гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон ва Норматов Рӯшандил хонандаи синфи 10, МТМУ №33-и шаҳри Конибодом шарафёб шуданд.
Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.