Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд таҳти унвони «Саодати халқ аз Ваҳдат аст» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимону устодони филиали донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Чорабиниро директори Филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд дотсент Муҳаммадҷон Исматдинов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамияти сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳким ва густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки аз оромию суботи ҷомеа сарчашма мегирад, муфассал ибрози андеша намуд.
Дар мавзӯъҳои «Сабақҳо ва давраҳои таърихии сулҳи тоҷикон», «Мавзӯи ваҳдат, сулҳу дӯстӣ дар осори шоирон», «Тарбияи ғояи ваҳдат дар насли наврас», «Ваҳдат дар ирсияти миллати мост», ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Литсейи ДДҲБСТ Рустамҷон Рустамов, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ Муқаддам Набиева, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ Дилбар Қодирқулова, омӯзгори калони кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими филиали донишкада Сурайё Низомаддинова маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуданд.
Дар идомаи суханрониҳо ҳамчунин омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ№35-и ноҳияи Айнӣ Наврӯз Наврӯзов, муаллима аз Гимназияи №7-и ноҳияи Ашт Мухлиса Мадумарова доир ба таҷлили ҷашни бузурги умумимиллӣ таассуроти хешро баён намуданд.
Шавкат Рустамов,
муовини директор оид ба илм
ва инноватсияи ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд