Рўзҳои 25 –уми майи соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 бо иштироки 160 нафар омўзгору хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Понғоз, 26 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 бо иштироки 160 нафар омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохўрӣ бо намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони маориф Ҳангома Қурбонова ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода оид ба масъалаҳои тарғиби арзишҳои миллӣ, зарурат ва қимати давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёд барои мардуми Тоҷикистон, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ, таваҷҷуҳи махсус додан ба пасманзари манфии сиёсисозии динӣ баргузор гардид.
Дар вохўрӣ хонандагон, омўзгорони ҷавон, равоншиносон, ҷонишинони директор оид ба тарбия ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар раванди музокираҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад.