ДАХОЛАТИ БАРВАҚТӢ ҚАДАМЕ ПЕШ БА СӮИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

DSCF2577Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Институти «Ҷамъияти  Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон чанд сол мешавад, ки дар чорчӯбаи барномаҳои  «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»  ва “Тандурустӣ” бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро гузаронида истодааст.  Ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор гардида истодаанд. (далее…)

АНЪАНА ИДОМА МЕКУНАД

Дар давраи таътили тобистона ва зимистона ба истироҳату фароғат ҷалб намудани собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадаму навовар, устодони касбу кори худ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Соли равон низ ин анъана идома ёфт ва бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар  кормандони соҳаи маорифи вилоят аз санаи 19 январ дар осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд. Соли сеюм аст, ки ин иқдоми  шоиста амалӣ мегардад ва кормандони соҳаи маориф баъди табобату истироҳати бофароғат бо нерӯи тоза фаъолияти тарбиявии худро идома медиҳанд.

Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилоят бо мақсади хушу гуворор ҷараён гирифтани фароғати  маорифчиён ташкилу баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию оммавӣ- шабнишиниҳои адабию бадеӣ, мулоқот бо адибону санъаткорон, вохӯриҳои мухталиф доир мегарданд.

Истироҳаткунандагон аз ин зуҳуроти неки ғамхорӣ  хеле сипосгузоранд.

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 ОҒОЗ ГАРДИД

DSCF2587Чун анъана дар давраи таътили зимистонаи мактабиён даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст.

Дар расми ифтитоҳи олимпиада раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маорифи вилоят Мусобек Мироватов ва сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд.

Тибқи низомнома олимпиада аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида шуда, то санаи 31 –уми январ идома меёбад.

ҒОЛИБОНИ «ТЕХНИКОНИ НАВРАС»-И ХУҶАНД МУАЙЯН ШУДАНД

   СУРАТ 2 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.
Озмун аз рӯйи 7 бахш: радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, хонандагон аз тамоми макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуданд.
Дар номгуйи ихтироооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.
Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ Меъроҷ Маҳмудов, хонандаи МТМУ№19, дар бахши авиамоделӣ Баҳодур Абдуллоев муҳассили гимназияи №4, дар бахши мошинаи ояндаи коинотСУРАТ 1 Эҳсон Неъматҷонов, хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» дар бахши киштии ояндаи обӣ Маҳмудҷон Болтуев талабаи МТМУ№19, дар бахши автомоделӣ Эмомалӣ Аллабердиев, хонандаи МТМУ№21, ҳимояи шаҳри оянда Азимҷон Бобоҷон муҳассили МТМУ №5 ва дар бахши ихтироъкорӣ Муҳаммадамин Калонов талабаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» ғолибонро эълон намуданд ва ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм низ муайян шуданд. Гуруҳе а з хонандагони фаъол бо сипоснома низ қадршиносӣ шуданд.
Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд ва интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.

МАОРИФЧИЁН ФАЪОЛИЯТАШОНРО ҶАМЪБАСТ НАМУДАНД

DSCF2513    Санаи 11 январи соли равон дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2017 бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ, кормандони дастгоҳи  Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, собиқадорону машъалони соҳаи маориф ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид ва дар рафти он 14 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. (далее…)

ДАР ИҶРОИ ВАЗИФАҲО МАСЪУЛ БОШЕМ

DSCF2469Чорабиниро мудири шуъба Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи аввал аъзоёни шурои  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф лоиҳаи нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2018 қабул намуданд.

Баҳоваддин Хоҷаев, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят дар бораи натиҷаҳои аттестатсия дар литсейи рақами 5-и шаҳри Исфара ва гимназияи рақами 1-и ноҳияи Ашт, рафти татбиқии Низомномаи  намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256) дар “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилоят, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2009,  №445 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ гузориши муфассал дод. (далее…)

Қалбе, ки ба хотири сухан саршор аст

Бо ибтикори китобхона-бахши 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ №47-и Ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик Маҳмудбеки Бобобек таҳти унвони «Қалбе, ки ба хотири сухан саршор аст» баргузор гардид. Хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависанда ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки Маҳмудбеки Бобобек дар рӯзномаҳои «Бо роҳи Ленинӣ» (ҳоло «Хуҷанд») ва «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ ва корманди котибот кор карда, маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Раҳгумзада», «Айёми бебозгашт» ва «Умри безавол»-ро ба табъ расонидааст. (далее…)

“КОМПЮТЕРДОНИ БЕҲТАРИН” КӢ ШУД?

      Бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон нисбати фанҳои дақиқ, баланд бардоштани донишомўзии хонандагон, дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдоду лаёқатманд байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  озмуни «Компютердони беҳтарин»  бо ташаббуси мутахассисони ҷавони муассиса Мадина Темирова ва Мунир Ҳоҷаев бахшида ба ҳафтаи фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Дастаҳо бо номҳои «Алгоритм», «Амсила» ва «Бейсик» аз рӯйи 10 шарт;

 -муаррифии гуруҳҳо

— бо истифодаи барномаи POWERPOINT сохтани намоишнома

— ҳалли мисол доир ба системаи ҳисоб

— луғатнависӣ

— саволу ҷавоб байни дастаҳо

 — сохтани барнома бо ягон забони барномасозӣ

— бо истифодаи барномаи POINT омода намудани нишон бахшида  ба     Соли ҷавонон

— иҷрои тест тавассути компютер

— дохилкунӣ ва таҳрири матн

— бо  истифода аз барномаи ҷадвали электронӣ MS EXCEL ҳисобкунии қиматҳо

қувваозмоӣ  намуда, малакаю маҳорат ва  дониши худро нисбати фанни   технологияи иттилоотӣ  нишон доданд.

  Муаррифии гурӯҳҳо аз тарафи хонандагон  Зоидова Насиба, Нуриллоева Азиза, Миркалонова Мижгона ҷолиби диққат буда, хонандагон Урунов Алишер, Саидов Муҳаммадҷон ва Шарипов Амир дар сохтани намоишнома малакаю маҳорати хешро хеле хуб нишон доданд.

  Ба ҳар як шарти озмун аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Озмун аз тарафи директори муассиса Сатторова Таҳмина ҷамъбаст гардид ва аз  баҳогузории хакамон маълум гардид, ки дастаи «Алгоритм»-76 хол, дастаи «Амсила» ва «Бейсик» бо  гирифтани 81 холӣ ноил гардиданд.

ВАСИЛАИ ХУБИ ИНТИХОБИ КАСБ

IMG_8860Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид. (далее…)