ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОӢ

DSCF2791Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ширкати собиқадорони меҳнат, занони обрӯманд, бонувони фаъоли соҳаи маориф, ғолибони озмунҳои соҳавӣ ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ -Рӯзи модар чорабинии идона доир гардид. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилоят номаи муборакбодии иҷрокунандаи Раиси вилоят муҳтарам  Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи аҳли нишаст расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақом ва манзалати бонувон хеле боло рафта,занон дар ҳама соҳаҳо суботкорона фаъолият доранд. Таъсиси квотаҳо барои духтарон, роҳандозӣ шудани чандин Барномаву стратегияҳо вобаста ба баробарии ҳуқуқҳои мардону  занон боис шуд, ки аз ҳисоби занону бонувон ходимони барҷастаисиёсиву илмӣ ба камол расанд.

         DSCF2767Осим Каримзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки аз азал бонувони тоҷик соҳиби ақлу заковат, дониши фасеҳ ва маърифати баланд доштанд. Хоссатан зан- омӯзгор дорои хиради азалӣ буда, чун шамъ сӯхтаву роҳи ояндаи насли наврасро дурахшон месозанд. Нақши муаллимаҳо хоссатан дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеахеленазаррас аст. Алҳол аз шумори умумии омӯзгорон 36 ҳазору 420 нафар 22 ҳазору 793 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нерӯи бузург аст. Қобили зикр аст, ки имрӯз ба 273 муассисаҳои таълимии вилоят бонувон сарварӣ мекунанд.

         Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон — 2017”, “Мураббии соли Тоҷикистон-2017”, “Омӯзгори ҷавони сол” ва ширкаткунандаҳои фаъоли озмунҳои зикршуда тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супурда шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ ба ҷашн таровати шукӯҳи тоза бахшид.

ТАБИАТИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

3Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ашӯрматов Ф  намояндагон аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Меликбоева Ш. ва Каримов Ғ, мудирони шуъбаҳо,  мушовирон, роҳбарони маҳфилҳо ва наздик 50 нафар аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба ҳадаф  ва вазифаҳои қабул гардидани барнома,  ҳифзи захираҳои об, муаррифии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории табиат ва дигар масъалаҳо марбут ба муҳити зист баромадҳо шунида шуд.2

Ҳамчунин аз тарафи мудири шуъбаи «Табиатдӯстон»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят викторина байни аъзоёни маҳфил ташкил карда шуда, ба ҳозирин филми 15 дақиқаи  “Тоҷикистон- сарчашмаҳои обҳои зулол” намоиши дода шуд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.

Корманди масъули Раёсати муҳити зисти вилоят Каримов Ғ зимни баромад ба маҳфилчиён оиди ҳифзи табиат, парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, захираҳои обҳои дохилии Тоҷикистон, рудхонаҳо ва пиряхҳо маълумоти комил дода, дар поёни баромад бо маҳфилчиён саволу ҷавоб оиди ҳифзи табиат анҷом доданд.

Дар поёни ҷаласа ба аъзоёни фаъоли маҳфили “Гулпарварони ҷавон” ва “Табиатдустони ҷавон” –и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби маъмурият сипоснома ва туҳфахои хотиравӣ супорида шуд.