МАШВАРАТИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ЗАБОНИ РУСӢ

    рафти дарсҲафтаи сипаришуда дар шаҳри Конибодом семинар-машварати вилоятии омӯзгорони забони русӣ баргузор гардид. Семинар аз рӯи нақшаи филиали хуҷандии Донишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар кори он омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова иштирок намуд. Семинар-машваратро мушовири фанни забони русии раёсати маорифи шаҳри Конибодом Ҳабиба Зокирова сарварӣ намуд. Инчунин, дар семинар намояндаи Раёсати маориф Рустамҷон Ҳайдаров ва 30 нафар омӯзгорон фанни забони русӣ аз муассисасхои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Дар оғоз омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова баромад намуда, ба кори семинар барор хост. Сипас, омӯзгорон дар дарси намунавии омӯзгори пешқадами МТМУ№49 Мавлуда Сатторова дар синфи 9 ширкат намуданд. Дарс хеле шавқовар гузашта, хонандагон фаъол буданд. Омӯзгор тавонист аз усулҳои фаъоли таълим моҳирона истифода барад. Иштирокдорон аз семинар қаноатманд гаштанд.

    Баъди таҳлили дарс омӯзгорон Ҳошимова Н., Мамадҷонова М., Ҳакимова З., Абдуллоева М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд, ки фарогири яке аз мавзӯи баҳсталабу муҳим «Ғанӣ гардонидани фонди луғавии хонандагон» буд.
Семинар аз ҷониби омӯзгори калони донишгоҳи мазкур Орзугул Раҳимова мавриди ҷамъбаст қарор дода шуда, барои дар сатҳи баланду зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин семинар баҳои баланд дода шуд.

«ҚАҲРАМОН МЕШАВЕМ»

кахрамонБо чунин ном нахустин китобчаи таҳиянамудаи узви ҲХДТ, омӯзгори собиқадор ва эҷодкори МТМУ № 27-и ноҳияи Мастчоҳ Саёҳат Аҳмедова бо теъдоди 100 нусха чоп шуд.

Китобчаи мазкур, ки бо дастгирию сарпарастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба табъ расидааст, бо гулчини суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи илму дониш, мактабу маориф ва мавқеи омӯзгор оғоз мешавад.

Дар идома мураттиб доир ба Қаҳрамонони Тоҷикистон маълумоти муҳиму судмандро пешниҳоди хонандагон намудааст. Як хусусияти муҳими ин маҷмӯа дар он аст, ки пас аз шарҳи ҳоли ҳар як қаҳрамон порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Саёҳат Аҳмедова ҷой дода шудаанд, ки хонандагонро ба ватандӯстию хештаншиносӣ, қаҳрамонӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ даъват менамоянд.

Муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор адиби шинохта, узви ИЖТ ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Ҳасан Боқӣ буда, Мирзоюсуф Шарифзода — Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №11 ва омӯзгори МТМУ №17 Муллошукур Шокирзода муқарризони китоб мебошанд.

Маҷмӯа аз ҷониби Муҳаммадалӣ Сафарзода саҳифабандӣ ва дар матбааи «Аврангпринт» нашр шудааст.

М. ОХУНЗОДА