СИФАТИ ТАЪЛИМРО БОЯД БОЛО БУРД

DSCF2984Бо иштироки аъзоёни шӯрои шуъбаи вилоятии хадамот, мудирон ва сармутахассисони бахшҳои хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ҷонишинони директори гимназияи №5 – и ноҳияи Ашт, литсейҳои № 5 ва 6 – и шаҳри Исфараҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

         Ҷаласа таҳти роҳбарии мудири шуъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. ҷараёнгирифт.

         DSCF2983Аз рӯи масъалаи якуми кори ҷаласа сармутахассиси шуъба Баҳоваддин Хоҷаев дар бораи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилоят, натиҷаи аттестатсияи гимназияи №5 – и ноҳияи Ашт, натиҷаи аккредитатсияи литсейҳои №5 ва 6 – и шаҳри Исфара гузориши муфассалдод.

         Дар идомаи кори ҷаласа фаъолияти семоҳаи аввали хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоятнатиҷагирӣ карда шуд. Қайд шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 аттестатсияи 53 муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки 25,2%-и нақшаро ташкил медиҳад. Аз 53 муассисаҳои таълимӣ 2 муассисаи таълимӣ шартан аз аттестатсия гузаронида шуданд,

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамот мониторинги сатҳи сифати таҳсилот гузаронида шуд, ки дар он 49710 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок дошта, дар натиҷа сифатнокӣ 37,7%, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 84,1%-ро ташкил намуд. Натиҷаи баланди сифатнокии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Ашт ва натиҷаи нисбатан пасти сифатнокӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Деваштич ва Спитамен муайян гардид.

Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов барои рафъи камбудиҳо ба масъулин дастур доданд.