Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои тозаи наврасони эҷодкор, ки дар жанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ навозандагӣ, рақс, ровигӣ, осори гузаштагон, ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, таҳкими тарзи ҳаёти солим тибқи банди 10-и Низомномаи намунавии Раёсати маорифи вилоят ва таҷлили 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушдии истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз рӯи шартҳои зерин ҳунарнамоӣ намуданд:
1. Муаррифӣ ё саломнома – шарти аввали озмун маҳсуб ёфта, дар он ҳозирҷавобон ва хушдилон дастаи худро ба ҳозирин шинос намуда, доир ба мавзӯи муайяннамудаи кормандони маҳфил ва кумитаи тадорукот ҳунарнамоӣ менамоянд. (далее…)