ВАҲДАТ САОДАТ АСТ

IMG_20180626_123231Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд таҳти унвони «Саодати халқ аз Ваҳдат аст» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимону устодони филиали донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.   (далее…)

Дастовард муборак!

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров байни олимон,  рӯзноманигорон, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, барои иншои беҳтарин мавод вобаста ба рӯзгор ва осори алломаи бузург озмун эълон дошта буд.

Дирӯз дар Қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, адибон рӯзноманигорон, публитсистон, аҳли ҷамоатчигӣ маводҳои  ба озмуни мазкур пешниҳодшуда ҷамъбаст гардид. Шоистаи қайд аст, ки дар ҷамъбасти озмун мақолаи илмии О. Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор «Бобоҷон Ғафуров ва саҳми  мондагори ӯ дар таҳкими илми шарқшиносӣ» (Ҷумҳурият, 29 марти соли 2018) дар радифи беҳтарин маводҳои ба озмун пешниҳодшуда  бо Ифтихорномаи нашрияи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

Аз номи кулли муштариёни нашрия олими сермаҳсул Осим Каримзодаро бо ин комёбии назаррас самимона таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию ҷамъиятии мавсуф равнақу барорҳои нав ба нав орзу мекунем.

Хабарнигори «Маорифи Суғд»

ДАСТАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

img_0008Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об баргузор гардид.

Тавре аз маркази таьсилоти иловагии вилоят иттилоъ доданд, анҷумани мазкур  аз 3 бахши асосӣ иборат буда, дар он даҳҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.

 Дар Анҷуман кӯдакон бо се забон доир ба манфиати об, ҳифз ва истифодаи самараноки он сухан гуфта, бе об мавҷуд набудани ҳаётро бори дигар ба ҳозирин фаҳмониданд. (далее…)

БА МАВСИМИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ АЗ ҲОЗИР БОЯД ОМОДАГӢ ДИД

DSCF4496(Чунин буд хулосаи ҷаласаи ҳисоботии Раёсати маорифи вилоят)

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷмоҳа ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат, мудирони шубаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони якқатор муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оғоз гардид. Номбурда оид ба натиҷаҳои санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, № 200 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилот» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ гузориш дод. Сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов  ва мутахассиси пешбари хадамоти мазкур Баҳоваддин Ҳоҷаев рафти натиҷаи аттестатсияи гимназияи №5-и ноҳияи Ашт ва гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд, натиҷаи Аккредитатсияи литсейҳоии №5 ва 6-и шаҳри Исфараро ба риштаи таҳлил кашиданд. (далее…)