Ба бунёди бинои маъмурии Раёсати маорифи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд

23Рӯзи 14 ноябри соли 2018 дар мавзеи Пахтакори маркази вилоят аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои маъмурии Раёсати маорифи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар назди кормандони соҳаи маориф ва фаъолон аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол зиёд гардида истодааст. Зикр гардид, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва хонандагон дар синфҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо аёнияту таҷҳизоти зарурӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.
65Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи тадбирҳои бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоиди корӣ бинои нави ҳафтошёнаи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо маблағи зиёда аз 12 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа бино дорои таҳхона, утоқҳои зиёди кории замонавӣ, толорҳои хурд ва калони маҷлисггоҳ барои 300 нафар буда, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон ба хизмати кормандони соҳаи маорифи вилоят вогузор хоҳад шуд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои муҳташами Раёсати маорифи вилоят муаммои солҳо инҷониб мавҷуда — ба бинои мувофиқ кӯчонидани шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд низ ҳалли худро пайдо менамояд.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бунёди биноро Ассотсиатсияи ташкилотҳои сохтмонии “Суғдсохтмонсоз” ба уҳда гирифтааст.
Сипас, Раиси вилоят аз Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки дар мавзеи Пахтакор воқеъ аст, боздид намуд. Зимни шиносоии Раиси вилоят бо шароити таълиму тарбияи хонандагон иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз гӯшаву канори вилоят беш аз 220 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои шиносоӣ изҳор дошт, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд зери ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи хонандагон шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.
Аз ҷониби Раиси вилоят ба масъулин дастур дода шуд, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон ва таъмини саривақтии онҳо бо либосҳои мавсимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд