ТАЛҚИНИ ВАТАНДӮСТӢ

    Бо мақсади пурра намудани дониши аъзоёни маҳфил оид ба муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани маълумоти пурра дар бораи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи аъзоёни маҳфил дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бо 20 нафар аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мудири  ӯъбаи табиатдӯстон Гадойбоева Л. дар филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят соати  арбиявӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М., мудири шуъбаи сайёҳи-кишваршиносӣ Ҳоҷибоева Р. ва роҳбари маҳфили «Суруди якка» Юлдошев Қ. Иштирок намуданд.

    Аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» қироати шеър, рақс, маълумот дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, суруд дар васфи «Ватан» баромад намуданд. Дар охири чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М. суханронӣ намуда аъзоёни маҳфилро бо Рӯзи парчами миллӣ табрик намуда, барои иштироки мунтазам ба маҳфилҳои филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даъват намуд.